Рубрики Хабарҳо

Укроин ба маблағи $150 млн ба кишварҳои фақир ғалла мефиристад

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин дар солгарди “Голодомор” ё қаҳтии бузурги ношӣ аз сиёсатҳои Сталин дар ин кишвар, аз иҷрои тарҳи ирсоли ғалла ба арзиши 150 миллион доллар ба кишварҳои фақир хабар дод. 

Раисҷумҳури 44 солаи Укроин мегӯяд, бо кумаки кишварҳои санъатии Ғарб ғалла ба арзиши 150 миллион доллар ба кишварҳои тиҳидаст хоҳад фиристод. 

Владимир Зеленский амнияти ғизоиро аз омилҳои калидии суботи ҷаҳонӣ донист ва дар паёми видеоии рӯзонаи худ гуфт, ин барнома, ки “ғалла аз Укроин” ном дорад гоми муҳимме дар мубориза бо буҳрони маводи ғизоӣ дар саросари ҷаҳон аст. 

Укроин пас аз поёни муҳосираи баҳрии Русия аз тариқи баҳри Сиёҳ 12 миллион тонн маводи ғизоиро роҳии 40 кишвар кард. 

Зеленский мегӯяд, Укроин 60 киштии ҳамлу нақли ғалларо омодаи кумакрасонӣ ба кишварҳои фақир ва камбархурдор кардааст. Дар ин тарҳи 150-миллиондолларӣ Киев аз ҳимояти молии беш аз 20 кишвар бархурдор аст. 

Русия, ки ҷанги худ алайҳи Укроинро дар феврали соли ҷорӣ шурӯъ кардааст, Ғарбро масъули буҳрони маводи ғизоӣ дар ҷаҳон мешиносад ва Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар ин таҷовузро натиҷаи “гегемония ё султагарии Ғарб мехонад. 

Ба бовари коршиносон, Русия талош дорад худро раҳбари ҷунбиши зидди истеъморӣ ҷилва диҳад то аз ҳамдардӣ ва ҳимояти кишварҳои фақир бархурдор шавад. 

Олмон, Лаҳистон ва чанд кишвари дигари Аврупо, ҳамчунин Қатар дар ин масир аз Укроин ҳимоят мекунанд. 

Қатар дирӯз аз ҷудо кардани 20 миллион доллар барои ин барнома хабар дод. Қаблан Лаҳистон ҳам ҳамин миқдор ҷудо карда буд. 

Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон дар паёми видеоии худ дар рӯзи шанбе 26 ноябр хабар дод, ки кишвараш дар ҳамоҳангӣ бо “барномаи ҷаҳонии ғизо” 15 миллион еврои дигарро ба ирсоли ғала аз Укроин ба кишварҳои фақир ихтисос додааст. 

Як киштӣ, ки таъмини молии онро Олмон бар ӯҳда дорад дар чорчуби ин барнома роҳӣ шуда то ғалла Укроинро ба Эфиопия ирсол кунад. 

Шолтс дар 90-мин солгарди “Голодомор” ё қатҳии ҳадафмандонае, ки Шӯравии собиқ дар Укроин дар замони раҳбарии Жозеф Сталин эҷод карда буд гуфт: “имрӯз мо иттифоқи назар дорем, ки дигар ҳаргиз набояд аз гуруснагӣ ба унвони силоҳ истифода кард.” 

Дар замони қаҳтии Укроин тайи солҳои 1932 то 1933 то чаҳор миллион укроинӣ қурбонӣ шуданд. 

Боварии Шолтс ба ин, ки Русия наметавонад дар Укроин пирӯз шавад бо гузашти замон қавитар мешавад. Ў рӯзи шанбе дар нишасти ҳизби худ (сотсиалдемократ) дар Бранденбург гуфт, бо таваҷҷуҳ ба ҳимояти Олмон ва дигар кишварҳо аз Укроин “Русия ин ҷангро на танҳо набояд бибарад балки нахоҳад бурд.” Дар аввали ҷанг Олмон дар кумак ба Укроин худдории зиёд кард ва мавриди интиқоди шадид қарор гирифт. Кор то ҷое расида буд, ки Кмев аз қабули раисҷумҳури Олмон худдорӣ кард.

Садри аъзами Олмон бори дигар ваъда дод, ки аз Укроин то ҳар замон, ки лозим бошад ҳимоят хоҳад кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *