Рубрики Хабарҳо

Афзоиши дубораи кумаки низомии Иттиҳодияи Аврупо ба Укроин

Иттиҳодияи Аврупо кумаки низомии худ ба Укроинро бори дигар афзоиш дода ва ним миллиард еврои дигар ҷиҳати таъмини таслиҳоту муҳиммот дар ихтиёри Киев қарор медиҳад. Ба гуфтаи дипломатҳо даҳумин бастаи таҳримии ин Иттиҳодия алайҳи Маскав низ дар роҳ аст. 

Вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар пайи нишасте, ки рӯзи душанбе 23 январ дар Брюссел баргузор шуд, дар бораи афзоиши дубораи кумаки низомӣ ба Укроин ба тавофуқ расиданд. 

Хабаргузории Фаронса ба нақл аз маҳофили дипломатик гузориш дод, ки як баста кумаки дигар ба ҳаҷми 500 миллион евро дар ихтиёри Укроин қарор хоҳад гирифт то ин кишвар битавонад ҳазинаҳои таҳияи таслиҳоту муҳиммотро пӯшиш диҳад. 

Ин маблағ аз тариқи сандуқи вижа дар будҷаи Иттиҳодияи Аврупо, ки ба манзури ҳифзи сулҳ дар назар гирифта шудааст, таъмин мешавад. Олмон, ки бузургтарин қудрати иқтисодии Иттиҳодияи Аврупо маҳсуб мешавад, як панҷи аз будҷаи ин сандуқро таъмин мекунад. 

Ба ин тартиб ҳаҷми кумакҳое, ки Иттиҳодияи Аврупо аз замони оғози таҷовузи низомии Русия ба Укроин дар ихтиёри Киев гузоштааст, ба 3 миллиарду 600 миллион евро афзоиш меёбад. 

Дар айни ҳол Дмитрий Кулеба, вазири хориҷаи Укроин аз ҳамтоёни худ дар Иттиҳодияи Аврупо хост, ирсоли танк ба Укроинро амалӣ сохта, таҳримоти тозае алайҳи Русия вазъ кунанд ва ҳамчунин раванди пайвастани ин кишвар ба Иттиҳодияи Аврупоро суръат бахшанд. 

Ӯ аз тариқи видеоконфронс дар нишасти вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ҳузур дошт ва дар паёми твиттерии худ ҳамчунин тасреҳ кард: “мо ба қадамҳои маҳкам, ҷасурона ва қотеъона ниёз дорем то битавонем пирӯзии Укроинро тазмин кунем”. 

Вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар нишасти имрӯзи худ дар Брюссел ҳамчунин дар бораи даҳумин бастаи таҳримии худ алайҳи Русия ройзанӣ карданд. Ин баста қарор аст дар рӯзи 24 феврал (солрузи таҷовузи низомии Русия ба Укроин) ба тасвиб бирасад. 

Ба гуфтаи дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо ин баста таҳрими ҷадид аз ҷумла таъйини сақфи тоза барои баҳои газойл ва дигар маҳсулоти нафтии Русияро шомил хоҳад шуд. Барои тасвиби ин баста ба раъйи мувофиқи ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ниёз аст. 

Анналена Барбук, вазири хориҷаи Олмон ҳангоми вуруд ба Брюссел тасреҳ кард, “ҷомеъаи байналмилалӣ бояд тамоми талоши худро ба кор бибандад то аз Укроин дифоъ кунад”. 

Ба гуфтаи ӯ Владимир Путин, раисҷумҳури Русия “11 моҳ пас аз оғози таҳоҷуми хушунатомези кишвараш ҳам аз нақшаи маргбори худ барои нобудии Укроин фосила нагирифта аст”. 

Дар ҳоле, ки талошҳо ва иқдомоти Иттиҳодияи Аврупо барои кумак ба Укроин идома дорад Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар ҷараёни дидораш аз Африқои ҷанубӣ бори дигар иттиҳомоти худро такрор кард ва муддаӣ шуд, Ғарб дар Укроин машғули ҷанг алайҳи Русия аст. 

Ба гуфтаи ӯ Ғарб қасд дорад ҳар чӣ, ки марбут ва мутааллиқ ба Русия аст, “нобуд кунад” аз забон гирифта то фарҳанг. Лавров муддаӣ шуд: “мо дар Укроин бо ҷанги ҳибриди сарукор надорем, балки ҷанги воқеӣ, ки Ғарб онро аз муддатҳо пеш заминачинӣ кардааст.” 

Дар ин миён созмони ғайри давлатии “Русия дар банд” (Rus Sidjaschtschaja) гузориш додааст, аз 50 ҳазор нерӯе, ки аз зиндонҳои Русия барои эъзом ба ҷанги басиҷ ва ба кор гирифта шудаанд, танҳо 10 ҳазор нафар дар ҳоли ҳозир дар ҷабҳаҳо ба сар мебаранд. 

Ин афрод ба вижа аз тариқи гурӯҳи Вагнер ҷазб шудаанд, ки аз сарбозони кироя истифода мебарад. Ин гурӯҳ нақши муҳиме дар ҷанги Русия дар Укроин ифо мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *