Рубрики Хабарҳо

Идомаи пикет дар Берлин барои озодии Абдуллоҳи Шамсиддин

Фаъолони олмонӣ пикеташон бо талаби озодии Абдуллоҳи Шамсиддинро дар Берлин имрӯз, 27 март ҳам идома доданд.  Чанде аз фаъолони тоҷик низ дар ин пикет ширкат доранд.

Субҳи имрӯз тазоҳуркунандагон, ки плакатҳое бо акси Абдуллоҳи Шамсиддин ва шиорҳое бо талаби озодии ӯ дар даст доштанд дар назди сафорати Тоҷикистон дар Олмон шиорпатоӣ карданд.

Фарҳод Одинаев, фаъоли сиёсии тоҷик, ки низ дар ин пикет ширкат дорад, ба “Паём” гуфт, ки қарор аст тазоҳуркунандагон баъди нисфирӯзӣ пикети худро назди бинои Вазорати хориҷаи Олмон идома диҳанд. 

Гуфтанист, Абдуллоҳи Шамсиддин рӯзи 18 янавар аз сӯи пулиси Олмон истирдод шуд ва то ҳол мақомоти Тоҷикистон ҳеҷ иттилоъе дар бораи ӯ надодаанд. Вазири корҳои дохила Рамазон Раҳимзода ва Додситони кулл Юсуф Раҳмон дар нишасти солонаи матбуотиашон гуфтанд, ки ҳеҷ иттилоъе аз Абдуллоҳ надоранд.

Рӯзи 7 март ҳамсари Абдуллоҳи Шамсиддин гуфт, ки  ӯ аз худ дарак додааст ва дар боздоштгоҳи КДАМ қарор дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *