Шаҳрдории Хуҷанд дар як муроҷиъати дигараш ба мардум ҳушдор додааст, ки қоидаҳои беҳдошти дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла тӯйхонаву тарабхона ва клубҳои шабона риоя намоянд, чун ин маконҳо манбаъи аслии паҳншавии вируси коруно мебошанд.
“Таҳлилҳо собит менамоянд, ки афзоиши шумораи гирифторони коронавирус ва манбаъҳои нави хуруҷ аксар вақт бо ҷойҳои ҷамъшавии одамон вобаста мебошанд. Ин ҷо сухан дар бораи тўйхонаҳо, тарабхонаҳо ва клубҳои шабона меравад” омадааст дар муроҷиъатнома.
Вале бо вуҷуди огоҳиҳо ва муқаррар шудани шумори меҳмонон, маъракаҳо “бо теъдоди зиёди меҳмонон сурат гирифта, ҳатто меъёрҳои оддии санитарӣ ва қоидаҳои беҳдоштӣ риоя карда намешаванд”.
Дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд менависад, дар як рейди ситоди пешгирӣ аз COVID-19 собит шудааст, ки “аз ҷониби роҳбарони тарабхонаю тўйхона ва соҳибмаъракаҳо тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя карда намешаванд”.
Шаҳрдори аз эҳтимоли шурӯъи мавҷи дуввуми вирус ҳушдор додааст.
Ҳамчунин тибқи иттилоъи манбаъ, нисбати чанд нафар моликони тарабхонаву тўйхонаҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, “бо қисми зиёди онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуд”.