Вазири хориҷаи собиқи Амрико дар китобаш мегӯяд ӯ бо раҳбарони зиёде дидор карда ва Ашраф Ғанӣ бадтаринашон будааст.
Майк Помпео навишт: “Ғанӣ як қаллоби тамомаёр буд, ки барои расидан ба қудрат ҷони сарбозони Амрикоро ҳадар дод. Ҳаргиз омода набуд барои кишвараш азхудгузарӣ кунад ва хатарро бипазирад. Ҳоламро ба ҳам мезад.”
Китоби “Ҳаргиз кӯтоҳ наё”, навиштаи Майк Помпео, вазири хориҷаи ҳукумати Доналд Трамп ба тозагӣ мунташир шудааст.
Ӯ, ки дар замони маъмурияташ ба унвони вазири хориҷаи Амрико, паймони сулҳи Иёлоти муттаҳида ва гурӯҳи Толибон имзо шуд, бахшҳое аз ин китобро ба Афғонистон ихтисос додааст.
Пампео навиштааст вақте музокироти сулҳ бо Толибон шиддат гирифт, Ашраф Ғанӣ ҳамеша як мушкил бар сари роҳи музокирот буд.
Бадтар аз Путин ва Ким Ҷин Ин
Майк Помпео дар ин китоб менависад: “ман бо раҳбарони зиёде дидор кардам, аммо Ашраф Ғанӣ бадтаринашон буд. Инро, ки мегӯям, ба хубӣ манзурро тавзеҳ медиҳад вақте Владимир Путин, Си Ҷинпин ва Ким Ҷин Ин (раҳбарони Русия, Чин ва Кореяи шимолӣ) дар феҳрист бошанд.”
Ӯ дар китобаш мегӯяд Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба гурӯҳҳои фасодкор иҷоза доданд, ки миллионҳо доллар аз кумакҳои Амрикоро дуздӣ кунанд.
Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури пешини Афғонистон дар нимаи августи 2021 аз Кобул фирор кард ва бо гурехтани ӯ Афғонистон ба дасти Толибон суқут кард. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, шарики ӯ дар ҳукумати ваҳдати миллӣ буд ва дар даври дувуми риёсатҷумҳурии Ғанӣ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи Афғонистон шуд.
Майк Помпео дар бораи Ашраф Ғанӣ менависад: “Ашраф Ғанӣ, дар миёни раҳбарони афғон эътиборе надошт ва ҳаргиз як раҳбари муносиб барои он кишвари ҷангзада ва чандпорча набуд.”
Иштибоҳи Амрика дар бораи артиши Афғонистон
Вазири хориҷаи пешини Амрико дар фасли марбут ба Афғонистон навиштааст, ки яке аз иштибоҳҳои Амрико дар Афғонистон ин буд, ки кӯшид артише ба сабки артиши Амрико дар он кишвар бисозад. Ин стратегия ба бовари Помпео дуруст набуд ва короӣ надошт.
Ба гуфтаи Майк Помпео, Амрико нерӯҳои амниятии афғонро бо истифода аз таҷҳизоти пешрафта, аз ҷумла истифода аз ҳамалоти ҳавоӣ, омӯзиш дод дар ҳоле онҳо бояд барои ҷангҳои чирикӣ ва набард дар дар кӯҳҳо омӯзиш медиданд.
Помпео тасреҳ кардааст, ки нерӯҳои амниятии афғон хуб меҷангиданд, аммо аз ҳимояти сохтори моликии ҳукумати Афғонистон бархурдор набуданд, зеро ба гуфтаи ӯ, ҳамаи сохторҳои давлатро фасод иҳота карда буд ва Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ иҷоза доданд бандҳои фасод миллионҳо доллар пули кумакии Амрикоро дуздӣ кунанд.
“Ғани дар Амрико дӯстони бештаре дошт то Афғонистон”
Ба бовари вазири хориҷаи собиқи Амрико, Ғанӣ “дар Амрико, бештар аз Афғонистон дӯстоне дошт”. Ў мегӯяд: ман борҳо барояш ёдоварӣ кардам ва саъй кардам ӯ тағйир кунад аммо фоида надошт.
Майк Помпео дар бахше аз ин китоб дар бораи раисҷумҳури пешини Афғонистон навиштааст, ки Ашраф Ғанӣ дар миёни мардуми Афғонистон ва раҳбарони сиёсии ин кишвар, аслан маҳбубият ва эътибор надошт.
Ӯ мегӯяд: “ҳар бор, ки бо раҳбарони сиёсӣ ва ҳатто намояндагони Толибон дидор мекардам, аз Ғанӣ шикоят доштанд. Ғанӣ бештари умри худро дар Амрико, созмонҳои лобигарии Вашингтон, ва ҳалқаҳои сиёсӣ ва академикии Амрико гузаронда буд ва раҳбари муносиб барои Афғонистон набуд”.
Вазири хориҷаи пешини Амрико ахиран низ дар мусоҳибае гуфт, ки Ашраф Ғанӣ бо раванди сулҳ мухолиф буд ва дар интихобот бештар аз рақиби худ тақаллуб кард.
Хурӯҷ аз Афғонистон
Майк Помпео дар китобаш навиштааст Амрико дар соли 2017 ба ин натиҷа расид, ки Афғонистон дигар таъминкунандаи манофеъи Кохи сафед нест. Ба гуфтаи ӯ “Амрико ба аҳдофе, ки мехост расида буд. Аз ҷумла куштани раҳбарони Ал-Қоъида. То он замон ҳудуди 200 узви Ал-Қоъида дар Афғонистон ҳузур доштанд аммо раҳбаронашон ба Эрон фирор карда буданд.”
Вазири хориҷаи пешини Амрико навиштааст, ки ин кишвар раҳбарони Ал-Қоъида ва шабакаҳои террористиро дар марзҳои Эрон ва Чин аз байн мебарад ва ин бештар ба нафъи он кишварҳо будааст. Ў навиштааст, ки бархе аз наздикони Доналд Трамп пешниҳод карданд, ки ҳузури Амрико дар Афғонистон бештар дар меҳвари фаъолияти ниҳодҳои фаъоли марбут ба Созмони истихбории Амрико — СИА, бошад. На ҳузури пурҳазинаи низомӣ.
Майк Пампео таъкид кардааст, ки Трамп мехост аз Афғонистон берун шавад ва дар талош буд, ки дар сурати ниёз як воҳиди кӯчаки низомии Амрико дар Афғонистон бимонад ва Созмони истихбороти марказии Амрико (СИА) фаъолиятҳои террористҳоро зери назар дошта бошад то хатаре барои Амрико набошанд. Бо ин ҳол, Помпео мегӯяд Ҷо Байден, раисҷумҳури кунунии Амрико бо шеваи фоҷиаборе аз Афғонистон берун шуд.