Гурӯҳе аз соҳибкорони бузургтарину маъруфтарин бозори вилояти Суғд — “Панҷшанбе” изҳороте ба нишонии Паём фиристодаанд, ки дар он аз зулми раиси ин бозор Хуршеда Бобоева ба соҳибкорон, қонуншиканиҳои ӯ ва ғорати дӯкондорону савдогарони бозори як замон мардумӣ сухан меравад.
Қаблан мо таҳқиқоте дар бораи вазъи бади соҳибкорони ин бозор ва беинсофиҳои раиси он нашр карда будем. То расидани ин муроҷиъатнома, Паём муайян карда буд, ки Хуршеда Бобоеваи 36-сола маъшуқа ё ҳамсари саввуми раиси қаблии “Тоҷикматлубот” буда, соҳиби 3 фарзанд мебошад.
Ӯ қаблан раиси бозори марказии ноҳияи Ашт буда, онҷо ҳам бо зулм ба сари соҳибкорони ин бозор ва ғорату дуздӣ маъруф буд. Аснои раисиаш дар бозори ин ноҳия ду маротиба ва имсол як маротиба зери тафтиши додситонӣ қарор гирифта, аммо аз об хушк баромадааст.
Ин ҳам муроҷиъати соҳибкорони бозори “Панҷшанбе”, ки бидуни таҳрир нашр мешавад:
Корона-ҳирси хӯҷаинони нави бозори «Панҷшанбе»
(изҳороти ноилоҷи соҳибкорони ҷафодидаи бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд)
Дар аввали соли 2020 дар баробари воҳимаи умумиҷаҳонии коронавируси COVID-19 ба сари бечораи соҳибкорони бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд «офат»-и пайдошавии ногаҳони соҳибони нави бозор дар симои баъзе корчаллонони Иттифоқҳои матлуботи ҷумҳурӣ мисли тароша аз бом афтидааст.
Ҳамаш, чун амалиёти махсус дар филми ҷосусӣ гузаронида шудааст. Қоил! Ҳуқуқшиносон ва дигар шахсони воқифбуда ба моён, соҳибкорони батааҷҷубомадаи бозор мегӯянд, ки дар асл ҳангоми мусодираи чаққони бозори «Панҷшанбе» аз соҳибмулки қонунӣ, аммо фандхӯрдааш на ягон қонун ва на ягон меъёри ахлоқу адолат риоя карда нашуданд. Баръакс як қатор қарорҳою қонунҳои дахлдор, дигар санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ ва чандин супоришҳои мушаххасу амрҳои қатъии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорони ватанӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, хусусан доир ба пешниҳод кардани ҳаргуна имтиёзҳо дар самти андозбандӣ ва рӯёнидани дигар намудҳои пардохтҳо на танҳо поймол гардиданд, балки дидаю дониста барқасдона писанд карда нашуданд.
Қайд ба маврид аст, ки суди иқтисодии вилояти Суғд бо ҳалномаҳои худ ғайриқонунӣ будани амалҳои Тоҷикматлубот ва иҷроичии судие, ки дар «амалиёти махсус»-и зикршуда бевосита иштирок карданд, аниқу равшан тасдиқ намуд, аммо, ба ҳалномаи суд эътибор надода, мусодираи ғайриқонунии бозори «Панҷшанбе» ба амал оварда шуд.
Аҷиб аст, бо кадом мақсаду бо кадом асос чунин иншооти бузург ба тобеъияти иттифоқҳои матлубот супорида шудааст. Охир ба ҳама маълум аст, ки Тоҷикматлубот имрӯз воқеъан дар ҳолати ногувори молиявӣ (дар асл, муфлисӣ) қарор дорад ва ҷиҳати нигоҳубини техникию хоҷагидории бозори «Панҷшанбе» на танҳо ҳуқуқи қонунию маънавӣ, балки ягон қобилияти марбутаро ҳам надорад. Инро далели то ба ҳол (ним сол пас аз «забти рейдерӣ»-и зикршуда) пардохт накардани маблағи арзиши моликияти забтнамуда аёнан шаҳодат медиҳад.
Аз рӯзи бо таври зӯроварӣ ишғол кардани утоқи нави худ, ки қонунӣ будани ин амал ба чашми моён соҳибкорон хело шубҳаомез ба назар мерасаду бисёр саволҳоро ба миён меоварад, хӯҷаинзани навҳузури бозор Бобоева Хуршеда ба куллан тағйир додани низоми фаъолияти маркази савдои номдори мазкур ва тартиби ҳамкорӣ бо соҳибкорони «Панҷшанбе» бетаъхирона шурӯъ намуд. Муттассифона, низоми ҷоринамудаи хонум Бобоева Х. на барои беҳтар гардонидани шароити кории соҳибкорон ва ба онҳо пешниҳод кардани ҳаргуна сабукиҳою имтиёзҳо (бинобари мушкилиҳои бавуҷудомадаи соли 2020 вобаста ба сирояти хавфовари COVID-19), балки танҳо бо мақсади боғарази бойшавии шахсии хӯҷаинони нави бозор роҳандозӣ карда шудаст.
Чун селаи наҳангони носерам, Бобоева Х. бо шариконаш, ки аз ҷумлаи онҳо хоҳари ӯ низ ба ҳисоб меравад, аз рӯзи аввали кори худ дар бозор аз моён соҳибкорон фақат як талаб доранду халос: «Пулро бидеҳ!» Зимнан сухан дар аксари вақт на дар бораи иҷорапулию таҳҷоӣ меравад, зеро ин пардохтҳоро соҳибкорону фурӯшандагони «Панҷшанбе» то ба мушкилиҳои бавуҷудомадаи дар боло зикршуда саривақт ва инсофона пардохт мекарданд. Мағзи масъала дар он аст, ки дастаи корчаллонони Бобоева аз аҳли меҳнатии бозор барилова ҳаргуна маблағҳои ғайрирасмӣ (яъне, ғайриқонунӣ)-ро талаб мекунанд, минҷумла, пардохтани иҷорапулии солона бо «шапка», ҷамъкунии пулҳо, ки гӯё барои гузаронидани чорабиниҳои давлатии дар сатҳи шаҳрию вилоятӣ равона мегарданд ва ҳ. Хусусияти ғайриқонунии тарзу мундариҷаи корбарии роҳбарони нави бозори «Панҷшанбе» минҷумла аз он ифода меёбад, ки бархилофи қоидаҳои марбута ва интизоми молиявӣ-моҳисобӣ ба дасти пардохткунандагони иҷорапулию таҳҷоипулӣ ва дигар боҷҳо аз маблағи супоридашуда танҳо ба 30-50% расидҳо дода мешаванду бас.
Усули ҷамъкунии маблағҳо аз соҳибкорони бозор хеле оддию осон ҷорӣ карда шудаст: зердастони Бобоева ба назди «қурбониён» ҳозир мешаванду, бо гапи кӯтоҳ талаб мекунанд: « Фалон маблағро бидеҳ, Хуршеда гуфт!». Ин сухан маънои амри раднашавандаро дошта, ба он эътибор надодан барои «айбдошта» боиси оқибатҳои хеле ногувор мегардад. Яъне, ҳар соҳибкоре, ки ба талаботи беасосу тартиботи ҷоришудаи пардохти иҷорапулию таҳҷоипулӣ норозигии худро баён мекунад, ба фишору таҳдидҳои дағал мубтало мегардад. Ҳатто, дар давраи бисёр ташвишовари паҳншавии сирояти коронавирус, дар вақте, ки бо дастгирии хирадмандонаю ғамхории падаронаи Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моён соҳибкорон аз пардохтани андозҳою иҷорапулӣ ба мӯҳлати 3 моҳ бояд озод карда шавем, наҳангони зеритоати Бобоева Х. аз тамоми иҷоранишиноне, ки муваққатан фаъолияти худро дар бозор боздошта буданд, талаб мекарданд, ки иҷорапулиро супоранд, дар зимни ин як фразаи аҷибро мегуфтанд, ки аз он кулли аҳли меҳнатии «Панҷшанбе» хабар дорад: «Кор кунӣ — накунӣ, мури ҳам, пули иҷораро месупорӣ!»
Худбоварию бешармии Бобоева Х. то ба он дараҷае расидааст, ки зимни сӯҳбатҳо бо соҳибкорону кормандони бозори марказии «Панҷшанбе» ӯ доимо бо киноя қайд менамояд, ки гӯё бо супориши бевоситаи роҳбарияти олии ҷумҳурӣ ва хешовандони наздикашон ба вазифаи раиси бозор таъин гардидааст ва тахти назорати мақоми баландтарин фаъолият дорад. «Касе маро аз ин мансаб ҷунбонида наметавонад!» — бо лофзанӣ мегӯяд ин зани корчаллон ва ба сурати дар девор овехташуда бо сарҷунбонӣ ишора менамояд. Ва ҳаноми аз соҳибкорон талаб кардани маблағи навбатӣ илова мекунад (иқтибос): «Аз боло команда шудаги!». Мо фикр дорем, ки шояд кадом шахси алоҳидаи мансабдори манфиатдор Бобоева Х.-ро дастгирӣ менамояд ва онҳо бо кирдорҳои норавои худ ба обрӯю эътибори поки роҳбарияти давлат халал мерасонанд. Бо таври тасдиқи баҷо будани дилпурии Бобоева як мисолро овардан мумкин: вақте, ки дар моҳи феврали соли ҷорӣ кормандони мақомоти прокуратура вайронкуниҳои молиявӣ-муҳосибии дастаи Бобоева Х.-ро ошкор карданд, бо кадом сабабҳои бароямон номаълум нисбати ин далел ягон чораҷӯӣ карда нашудаст. Дар байни мардум гап рафта истодааст, ки қаблан дар давраи роҳбарии бозори марказии ноҳияи Ашт дар шаҳраки Шайдон Бобоева Хуршеда низ барои вайронкуниҳои қонун ба ҷавобгарӣ кашида, лекин пас халос шуда буд.
Дар хотимаи изҳороти ноилоҷи мазкур моён — соҳибкорони ҷабрдидаи бозори марказии «Панҷшанбе», танҳо як савол дорем: «Оё ягон мақомоти дахлдор ба ин вайронкуниҳои дағалонаи қонун аз тарафи Бобоева Хуршеда ва бандаи зердастонаш хотима бахшида метавонад ё не?»
Ба ҳамаи мушкилиҳою душвориҳои бамиёномада нигоҳ накарда, изҳори умед мекунем, ки дар ягон рӯзи муборак, хусусияти аслии амалҳои ғоратгарии овардашуда ба рӯи об баромада, ташаббускорону иҷрокунандагони ин қонуншиканиҳои бемислу ноадолатии ошкоро тибқи талаботи қонунгузории дахлдори кишвар ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Як гурӯҳ соҳибкорони бозори марказии “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд