Артиши Либия амалиёте барои бозпасгирии пойгоҳи Ватия аз ишғоли шибҳинизомиёни Ҳафтар дар наздикии пойтахти ин кишварро оғоз кард.
Бино ба эъломи як манбаъи огоҳ дар артиши Либия, нерӯҳои давлати ин кишвар барои бозпасгирии пойгоҳи Ватия аз шибҳинизомиёни вобаста ба Халифа Ҳафтар дар 140 километрии Троблус амалиётеро оғоз кардаанд.
Бар ин асос, нерӯҳои заминӣ артиши Либия бо ҳамалоти тӯпхонаӣ масири мунтаҳӣ ба ин пойгоҳро боз карда ва ҳамчунон даргириҳо дар наздикии он идома дорад.
Ба гуфтаи вай ҳамалоти ҳавоии ахири артиш мӯҷиби фирори шумори зиёде аз шибҳинизомиён мавҷуд дар дохили ин пойгоҳ шуда ва ба ин далел бозпасгирии он душвор нахоҳад буд.
Ин пойгоҳ, ки зарфияти он 7 то 10 ҳазор низомӣ аст, пештар ба унвони маркази ҳамалоти ҳавоии шибҳинизомиён мавриди истифода қарор гирифта буд.
Шибҳинизомиёни Ҳафтар, ки тавассути Амороти муттаҳидаи арабӣ, Арабистони саудӣ, Русия, Миср ва Урдун ҳимоят мешаванд, аз 4 апрели 2019 ҳамалоти худ ба Траблосро оғоз ва аз 12 декабр гузашта ба манзури тасарруфи ин шаҳр ҳамалоти худро ташдид карданд.
Ягонҳои вобаста ба Шӯрои риёсати ҷумҳурии давлати Вифоқи миллии Либия низ, ки тавассути Созмони милал ба расмият шинохта мешавад, дар вокуниш ба таҳаррукоти низомии Ҳафтар дар Троблос амалиёти “Биркон-ул-ғазаб”- ро оғоз кардаанд.
Сообщение ПАЁМ.net.