Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи шанбе, 4 июл як қатор қонунҳоеро, ки қаблан аз ҷониби Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнии парлумон) қабул шуда, аз ҷониби Маҷлиси миллиӣ, палатаи болоии парлумони кишвар қабул шуда буд, ба имзо расонид.
Тибқи иттилои хадамоти матбуотии раисҷумҳур, дар маҷмӯъ Эмомалӣ Раҳмон ба тағйироту иловаҳои 22 қонун, аз ҷумла қонун «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», қонун «Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2020», «Дар бораи тартиби иҷозатномадиҳӣ» ва «Дар бораи боҷи давлатӣ» ва ғайра имзо кард.
Тағиротҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси ҷиноятии кишвар, ки раисҷумҳур имзо кардааст, ба пешгирии паҳншавии коронавируси COVID-19 нигаронида шуда, ҷазо барои шахсонеро, ки меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ ва зиддиэпидемиологиро вайрон мекунанд бешбинӣ шудааст.
Тағиротҳо ба Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» вобаста ба оқибатҳои манфии иҷтимоию иқтисодии эпидемияи коронавирус як қатор имтиёзҳоро пешбинӣ мекунад, ки тибқи онҳо шаҳрвандон, соҳибкорони инфиродӣ ва муассисаҳои тиббӣ ва ватанӣ аз пардохти баъзе намудҳои андозҳо ба мӯҳлати муайян озод карда шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки тағирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои вайрон кардани «режими ниқоб» дар ҷойҳои ҷамъиятӣ аз 116 то 290 сомонӣ ҷаримаро пешбинӣ мекунад.
Барои паҳн кардани маълумоти бардурӯғ тавассути васоити ахбори омма ҷарима аз 580 сомонӣ барои шахсони воқеӣ ва то 11 ҳазору 600 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.
Қонунҳо, ки Эмомалӣ Раҳмон имзо кардааст, пас аз интишори онҳо дар матбуоти давлатӣ эътибор пайдо мекунанд.