Дар ноҳияи Қубодиён ба истиқболи 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 171 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Умед Давлатализода, сармеъмори ноҳияи Қубодиён дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар 4 сол 152 бино ва иншоот сохта мавриди истифода қарор гирифтааст. Ӯ мегӯяд, иҷроиши нақшаи мавриди назар то имрӯз, 88 дарсадро ташкил мекунад. Ба таъкиди вай ба бунёди муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ, корхонаҳои саноатӣ ва мумфаркунии роҳҳои мошингард бештар таваҷҷуҳ шудааст.
“Давоми соли ҷорӣ дар ноҳияи Қубодиён 28 синфхонаи иловагӣ ва як муассисаи таълимӣ барои 1 ҳазору 200 хонанда дар ду баст сохта шудааст. Бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатманд зиёда аз 52 километр роҳ пурра мумфарш гардидааст”, гуфт номбурда.
Умед Давлатализода афзуд, ки дар доираи панҷсолаи рушди саноат, сохтмони 34 корхонаи гуногуни саноати ба нақша гирифта шудааст. Ба таъкиди вай феълан ду корхона пурра омодааст. Бари аввал ба бунёди бинои баландошёна иҷоза дода шудааст ва баъди кашидани хати ташноб корҳои сохтмонӣ шуруъ карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube