Вазири хориҷаи Австралия ба шиддат аз амалкарди Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар муқобила бо коруно интиқод кардааст. Австралия хостори таҳқиқ дар мавриди чандучуни амалкарди Созмони беҳдошт шудааст. Пеш аз ин Трамп аз амалкарди Созмон мазкур интиқод карда буд.
Давлати Австралия хостори анҷоми таҳқиқоти мустақил дар мавриди чигунагии бархурд бо ҳамагири коруно дар саросари ҷаҳон шудааст.
Ба гузориши Шпигел, Марис Пайн, вазири хориҷаи Австралия дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии ABS ҳамчунин ба таври мушаххас хостори баррасии амалкарди Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар ин робита шудааст.
Афзун бар ин ӯ хостааст, ки дар мавриди мудирияти буҳрон тавассути давлати Чин дар ибтидои густариши вируси COVID-19 таҳқиқоте анҷом гирад.
Давлати Австралия хоҳони дастрасӣ ба ҷузъиёти бештаре дар ин маворид аст: маншаи вирус, чигунагии бархурд бо ин пандемӣ (ҳамагирии ҷаҳонӣ) ва мизони шаффофият дар ироаи иттилооти марбут ба он.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба тозагӣ Созмони беҳдошти ҷаҳониро ба “суъи мудирият” дар рӯёрӯӣ бо буҳрони коруно муттаҳам кард ва гуфт, кумаки молии Амрико ба ин Созмон қатъ хоҳад шуд.
Вазири хориҷаи Австралия гуфт, Австралия нигарониҳое дорад ва ба ҳамин далел “мутмаъин нест”, ки Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ қодир ба анҷоми чунин таҳқиқоте бошад.
Трмп давлати Чинро низ муттаҳам кард, ки дар мавриди абъоди воқеии буҳрон дар ибтидои густариши олудагӣ ба ин вирус “пинҳонкорӣ” кардааст. Ў шомгоҳи шанбе 18 апрел дар як конфронси хабарӣ дар Кохи сафед гуфт, ки ҷилавгирӣ аз нашри ин вирус дар Чин вуҷуд дошта, “аммо чунин амре анҷом нашуд ва ба ҳамин хотир имрӯз тамоми дунё дар ранҷ аст.”
Сарпечии Австралия аз раҳнамудҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ
Грег Ҳант, вазири беҳдошти Австралия гуфтааст, далели ин ки Австралия муваффақ шуд ҷилави шуйӯъи вирусро бигирад ин буд, ки ба таври комил аз дастуроти Созмони беҳдошит ҷаҳонӣ пайравӣ накард.
Австралия аз нахустин кишварҳое буд, ки баъд аз шуйӯъи коруно мамнуъиятҳои мусофиратиро дар мавриди мусофирони Чин эъмол кард.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт то чӣ андоза дар ҳамагирии коруно муқасир аст?
Ба гуфтаи Ҳант, рӯйкарди Австралия ҳарчанд бо интиқоди “шадид”-и Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ мувоҷиҳ шуд аммо ба Австралия кумаки зиёде кард. Ў амалкарди ин Созмон дар мубориза бо бемориҳои фалаҷи атфол, сурхак ва малярияро хуб тавсиф кард, аммо дар айни ҳол гуфт, амалкарди Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар мувоҷиҳа бо пондемии коруно “ба ҷаҳон кумаке накард.”
Посухи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ
Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ дар мавозеъ, ки қарор аст дар нишасти видеоии рӯзи якшанбеи вазирони беҳдошти кишварҳои гурӯҳи 20 эълом шавад дар посух ба ин интиқодҳо давлатҳои ҷаҳонро ба “бепарвоии шадид дар пешгирӣ аз пандемаи коруно” муттаҳам кардааст.
Ин Созмон хостори сармоягузории бештар дар ин замина шуда ва бар нақши раҳбарикунандаи худ дар мубориза бо бемориҳои уфунӣ таъкид кардааст.
Шпигел мегӯяд, дар эъломи мавзеъи 16 сафҳаи ин Созмон, ки нусхае аз он ба дасти ин расона расида, аксари кишварҳои ҷаҳон ба омодагии “бад то мутавассит” дар мувоҷиҳа бо ин ипидемия муттаҳам шудаанд.
Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ мегӯяд, танҳо як саввум аз кишварҳо метавонанд шурӯъи олудагиро ташхис ва ба он вокуниш нишон диҳанд ва ҳатто системҳои пешрафтаи беҳдоштӣ низ бо “зарфиятҳои маҳдуд” дар ин замина кироияҳои асосӣ нишон додаанд. Ҳамчунин кишварҳои фақир бо системҳои заифи беҳдоштии худ дар баробари коруно осебпазир хоҳанд буд.
Тасмими Трамп ба таълиқи кумаки молӣ ба Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ аз сӯи бисёре мавриди интиқод қарор гирифтааст. Иттиҳодияи Аврупо, давлати Олмон, Русия ва Чин аз ин иқдом шадидан интиқод кардаанд.
Ролф Мотсниш, сиёсатмадори ҳизби сотсиалдемокроти Олмон гоме фаротар бардошт ва Трампро “хатаре барои саломати инсонҳо” тавсиф кард.