Рубрики Хабарҳо

Талошҳои кӯдакон, сабаби адовати ҳамсоягон

Дар зиндагӣ одамизод ҳамеша бо интихоби худ зиста наметавонад. Хеле аз чизҳое мебошад, ки ба интихоби худи мо нест, хориҷ аз хоставу ихтиёри мо воқеъ мегардад. Дар кадом оила, дар кадом макон, кай ба дунё омаданро барои мо тақдири Илоҳӣ муайян кардааст. Агарчӣ интихоби  баъзе чизҳоеро Аллоҳ ба дастӣ мо дода бошад ҳам,аммо асосиётҳои бешумор ба дасти худи Худованд аст, ана барои ҳамин мо банда ҳастем, бандае, ки ҳар чие, ки Аллоҳ барояш муқаддар кардааст, бояд розӣ бошаду қабул кунад.

Инсон дӯстони худро худаш интихоб мекунад, аммо интихоби ҳамсоя  ба тақдири Илоҳӣ аст. Ману шумо бо кӣ ҳамсоя буданро интихоб намекунем, аз ин лиҳоз вақте ба хонаи нав мекӯчем, муддатҳои дароз талош мекунем, то бо ҳамсоя муносибати хуб дошта бошем.

Талошу низоъ, ҳатто ҷангҷолу латукӯб байни ҳамсояҳо амри оддӣ аст. Мушкилӣ байни ҳамсояҳо дар ҳар давру замон вуҷуд дошту то ҳол низ вуҷуд дорад, ҳатто дар замони Паёмбар ҷангҷолҳои ҳамсояҳо вуҷуд дошт, вақте ба китобҳои ҳадис назар мекунем, ҳатман чашмамон ба ҳадису осорҳое меафтад, ки оиди талошҳои ҳамсояҳо сӯҳбат дорад. Инсони оқил шахсе аст, ки аз танишҳои ҳамсоягӣ хориҷ шавад ва бо як талошӣ кӯчак ҳамсояро тамоми умр душмани худ насозад.

Яке аз сабабҳои ҷангҷол байни ҳамсояҳо ин кӯдакон мебошанд. Оилаҳое, ки ба сабаби ҷангҷоли кӯдаконашон аз ҳам ҷудо гаштаанд, кам нестанд. Талошҳои кӯдакон сабаби аз ҳам ҷудо гаштани хоҳару бародар, ҳатто фарзанду волидон гаштааст. Кӯдакон одат доранд бо ҳамсинну соли худ бозӣ кунанд. Албатта, дӯстони аввалини фарзандонамон кӯдакони ҳамсоя мебошад. Шахсияти кӯдак, руҳу виҷдонӣ кӯдак софу самимист, аз ин хотир хеле зуд бо ҳамсолони худ ошно мешавад ва дар як лаҳза дӯстӣ ҳамдигар мегарданд. Кӯдак бо фарзандони ҳамсоя бозӣ мекунад, бо онҳо якҷоя мактаб меравад, бо онҳо робитаҳои зиёд пайдо мекунад. Албатта байни дӯстон, махсусан кӯдакон баъзан ҷангҷолу низоъ мехезад. Падару модари оқилу бо таҷриба талошҳои кӯдаконро амри оддӣ мешуморанд ва ба ин мавзӯъ аҳмияти ҷиддӣ намедиҳанд. Имрӯз бо ҳам ҷангҷол карданд фардо ва ё пасфардо боз бо ҳам дӯст мегарданду ошно мешаванд. Кӯдакон ҳато занозанӣ кунанд ҳам, зуд фаромӯш мекунанд, дере нагузашта бо ҳамдигар мисли чизе нашуда бозӣ мекунанд. 

Вақте кӯдаки шумо аз дӯстонаш, ҳамсояву ҳамсолонаш ба шумо шикоят кард, давида аз паи ҷазо додани кӯдаки ҳамсоя наравед. Аввалан қазияро пайгирӣ кунед, аз асли низоъ бохабар гардед. Пас аз он ки, аз асли моҷаро бохабар мешавед, дарк мекунед, ки мушкилӣ аз он ки кӯдакатон ба шумо гуфт ба маротиб кӯчактар аст.

Гоҳе кӯдак ба сари кафидаву хуншор гирякунон ба хона меояд, аввалин саволи волидон “Кӣ ин корро ба ту кард?” Сипас бо шунидани номи фарзанди ҳамсоя, дигар чизе напурмида ба хонаи ҳамсоя медаванд. Агар кӯдаки ҳамсоя ба дасташон афтод дигар ҳатман зери латукубӣ ин бузургон қарор мегирад. Пеш аз он ки ба хонаи ҳамсоя давида равем, бояд барои чӣ задани ҳамсояро пурсон шавем, бо шунидани шикояти фарзандамон ҳатман шикояти фарзанди ҳамсояро низ гӯш диҳем, шояд айб дар ҳару тараф бошад, балки шояд муттаҳами асосӣ дар ин ҷангҷол фарзанди мо бошад. Шояд кӯдакамон дӯрӯғ гуфта истода бошад. Кӯдакон байни худ талош мекунанду зуд ошно мешаванд, ин мо бузургон ҳастем, ки онҳоро вориди бӯғзу адоватҳои худ мекунем. Вақте кӯдаки шумо бо кӯдаки ҳамсоя даргири мушкилиҳо шуд, бигзор худаш мушкилиашро ҳал кунад, шумо байни кӯдакон дохил нашавед. Дохил шудани шумо ба мобайни кӯдакон аз чанд ҷиҳат паёмадҳои манфӣ дорад. Аз ҳама пеш кӯдаки шумо эътимод ба нафсро гум мекунад. Тамоми умр барои ҳалли мушкилиҳояш, мунтазири дахолати касе мемонад. Худаш аз ӯҳдаи ҳалли мушкилиҳояш намебарояд. Аз тарафи дигар вақте шумо ба мобайни кӯдакон зуд зуд дохил мешавед, кӯдакони дигар аз тарси шумо фарзандатон ноҳақ бошад ҳам ба ӯ чизе намегӯянд, аз тарси он ки модар ва ё падарашро ба назди онҳо наоварад, ҳар чӣ кунад ҳам таҳаммул мекунад. Ҳозир ба модараш ва ё падараш мегӯяд гӯён, маҷбур ба хатогиҳои кӯдакатон сабр мекунанд. Ин рафтор боиси худписандиву худбинии кӯдаки шумо мегардад, ӯ ҳамеша айбҳои худро нодида мегирад, кӯдаки эркаву бадахлоқ бузург мегардад. Баъзан кӯдаконеро ки ҳамеша бузургонро ба мобайн дохил мекунанд танҳову берафиқ мемонанд. Кӯдакони дигар бо ин қабил кӯдакон бозӣ кардан намехоҳанд, ин сабаб мегардад, ки кӯдаки шумо яккаву танҳо бузург гардад. Аз ҳама бадтар ба васати кӯдакон даромадани шумо қадри шуморо дар назди ҳамсояҳо паст мекунад, ҳамсояҳо шуморо шахси худбину тарафгири кӯдаки хатокор мешиносанд.

Танҳо дар як вақт метавон ба мобайни кӯдакон дохил шуд, агар аз кӯдаки ҳамсоя хатогии ҷиддӣ дидед, хатогие, ки оддӣ несту ба ҳолаш гузошта намешавад, мисли дӯздӣ, сигоркашӣ ва ё ахлоқҳои бади дигар дар ин вақт барои ислоҳи кӯдаки ҳамсоя роҳи чора андешед. Ба волидонаш хабар диҳед ва ё худатон бо роҳҳои дигар ислоҳ кунед. Аммо дар ғайри ин сурат ба мобайни кӯдакон зинҳор надароед.

Баъзан байни занҳо ҷангҷол мехезад. Зани ҳамсоя бо зани ҳамсоя талош мекунанд. Ин амр низ хеле оддӣ ва табиӣ аст. Дар бари ҳам паҳлӯ ба паҳӯ зиндагӣ дорем, хоҳ но хоҳ  якбор не якбор байнамон талошу нофаҳмӣ мехезад. Вақте занҳо бо ҳам талош доранд, мардҳо набояд ба ҷангҷоли занона дохил шаванд. Вақте мардҳо байни онҳо даромаданд, низоъи кӯчак ба ҷанги оламӣ табдил мешавад. Мардҳо низоъро ба маротиб бузург мекунанд Агар байни занҳо танҳо низоъи лафзӣ вуҷуд дошт, вақте мардҳо дохил шуданд, мушту лагад низ ба роҳ меравад. Хоҳароне, ки бо ҳамсоя даргир шудед,барои оромиши оилаи худ, ба шавҳари худ аз низоъи худ хабар надиҳед, ӯро дохили талошҳои занона накунед. Агар марди ҳамсоя бо шумо ҷангҷол кард, дар ин вақт мардҳо бо ҳам ҳарфи худро зананд, аммо вақте байни занҳо талош шуд, бигзор худи занҳо ҳал кунанд.

Баръакси ин баъзан байни мардҳо талош мехезад, ҷангҷолу кашмакашӣ рӯх медиҳад, ин талош оддӣ аст, то вақте ки занҳо ба байн надароянд. Вақте занҳо ба мобайн даромаданд, талош хеле шиддат мегирад. Бигзор мардҳо талошҳои худро байни ҳам ҳал кунанд, занҳоро ба васат накашанд.

Яке аз бадтарин хислате, ки дар аксари оилҳо вуҷуд дорад, ин кӯдаконро қурбони талошҳои худ кардан аст. Вақте ҳамсоя ба ҳамсоя талош мекунад ва қаҳр мешавад, кӯдакашро маҷбур мекунад, бо кӯдаки ҳамсоя бозӣ накунад, ман бо модараш қаҳр ҳастам, ту ҳам бояд бо фарзандаш қаҳр бошӣ. Ин рафтор барои кӯдакон хеле сахт аст. Шумо бузургон бо ҳам низоъ доштед, айби кӯдакон чист. Кӯдаконро монед даврони кӯдакии худро бо дӯстони худ гузаронанд, онҳоро дохили низоъҳои худ накунед.

Талошҳо байни ёру дӯстон ҳамсояву наздикон ҳамеша буду ҳаст. Баъзан талошҳо сабаб мешавад, мо ҳамдигарро беҳтар шиносем, муҳим ин аст, бо сарзадани талош тамоми робитаҳоро қатъ накарда боз ба робитаи худ идома диҳем. Бо ҳамсоя талош доштед, ҳоло ҳарчӣ буд гузашт, алъон барои бо ӯ оштӣ кардан шитобед. Агар ӯ салом надиҳад ҳам, аввалин шуда шумо салом диҳед, аз аҳволаш пурсон шавед, агарчӣ аксари хато аз ӯ сар зад, аввал шуда шумо узр пурсед, ба хотири Аллоҳ ғурури худро зери по кунед, он гоҳ ба болотарин дараҷаи инсоният мерасед. Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадиси Муслим мегӯянд:

ما نقصت صدقة من مال و ما زاد الله عبدا بعفو الا عزا و ما تواضع احد لله الا رفعه الله

Моли инсон аз садақа додан кам намешавад, ҳар касе, ки аз гуноҳи дигарон мегузарад, ба ҷуз иззат, соҳиби чизи дигар намешавад ва ҳар касе, ки ба хотири Аллоҳ хоксорӣ кард, Аллоҳ қадру қиммати ӯро, обруи ӯро боло мекунад.

Азизон ҳамсоя шахсе аст, ки Аллоҳ бароямон интихоб кардаасту некӣ кардан дар ҳаққашро ба моён амр кардааст, ба ҷои дилҳои худ ва ҳаёти худро ғарқи бадбиниву ҳасодат кардан, зиндагии худро бо дӯстии ҳамсоя зиннат диҳед, ҳам оромиши қалбӣ, ҳам осоиштагии зиндагӣ болотар аз ҳама ризоияти Аллоҳро ба даст меоваред.

Муслима Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *