Рубрики Хабарҳо

Кашфи тозаи Ҷеймс Веб дар мавриди сайёраи фарохуршедӣ

Телескопи фазоии Ҷеймс Веб дар тозатарин расади худ муваффақ ба шиносоии мушаххасоти тақрибан комиле аз молекулаҳо, атомҳо ва маводи химиёвии мавҷуд дар фазои ҷаҳони дурдаст шуд. 

Созмони миллии ҳавонаврдӣ ва фазоии Амрико (НАСА) эълом кард, ки Ҷеймс Веб дар ҷараёни расади як сайёраи фарохуршидӣ ба номи WASP-39 b, ки дар ҳоли чархиш ба даври ситорае дар фосилаи 700 соли нурӣ аз замин аст ва пештар аз сӯи дигар телескопҳои фазоӣ, аз ҷумла Ҳабл ва Спитзер низ шиносоӣ шуда буд, ба ин иттилооти бесобиқа даст ёфтааст. 

Дастёбӣ ба ин иттилоот, донишмандонро нисбат ба тавоноии телескопи Ҷеймс Веб барои анҷоми таҳқиқоти бештаре дар мавриди сайёраҳои фарохуршедӣ умедвор ва роҳро барои ёфтани шавоҳиди ҳаёт билқувваи сайёраҳо ҳамвор кардааст. 

Иттилооти бадастомада гувоҳи асари путосем (К), об (Н2o) ва моноксиди карбон (СО) аст. Асари деоксиди гӯгирд (SO2), деоксиди карбон (СО2) низ мушоҳида шудааст. Кашфи деоксиди гӯгирд дар ин сайёраи фарохуршидӣ нишон дод, ки нуқоти муштараки замин ва зуҳалҳои доғ ё сайёраҳое бо ҷирми наздик ба зуҳал, ки дар фосилаи наздике нисбат ба ситораашон қарор гирифтаанд, беш аз он чизе аст, ки пештар донишмандон тасаввур мекарданд. 

Ҳамчунин, иттилооти ирсолии Ҷеймс Веб ҳокист, ки дамои сатҳи ин Зуҳали доғ ҳудуди 1600 дараҷаи ференгейт аст ва ҳавои он аз ҳидроген сохта шуда ва қобили сукунат нест. 

Маҷмӯаи иктишофоти тозаи Ҷемс Веб дар маҷмӯаи муташаккил аз панҷ мақолаи илмӣ ба тафсили ироа хоҳад шуд, ки се маврид аз онҳо дар ҳоли чоп ва ду маврид дар дасти баррасии ҳайати илмии нашрияҳо аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *