Рошид Ғаннушӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ ва раиси собиқи парлумони Тунис пас аз юриши неруҳои амнияти ба манзилаш дар замони ифтор дар 17 апрел боздошт шуд ва пас аз 48 соат бозҷӯӣ аз сӯи додситонӣ, асри дирӯз тавассути додгоҳи бадавии Тунис боздошт ва ба зиндон мунтақил шуд.
Ҳабиб ибни Сайидҳам, вакили додгустарии Тунис ва узви ҲНИТ дар шабакаҳои иҷтимоӣ эълом кард: 11 нафари дигар аз ҳамроҳони Ғаннушӣ дар парвандаӣ таҳқиқ қарор доранд ва таҳқиқот дар чорчӯбӣ парванда “тавтеа алайҳи амнияти кишвар” буд.
Додгоҳи Тунис Муҳаммад Қумонӣ ва Абулқосим Ҳасан аз раҳбарон ва 6 тани дигар аз аъзои ҲНИТ-ро, ки ба ҳамроҳи Ғаннушӣ боздошт шуда буданд озод кард.
Ҳизби наҳзати Тунис дар паи аз боздошти Ғаннушӣ дар баёнияе аз мухолифон хост дар сафи воҳид дар баробари нақз ва бархӯрди золимона алайҳи ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсатмадорони мухолиф биистанд.
Дар ин баёния боздошти Ғаннушӣ, “таҳаввуле бисёр хатарнок” арзёбӣ ва ба шиддат маҳкум шуд.
Ҷабҳаи озодибахши миллии Тунис низ дар 19 апрел эълом кард, ки маркази маҳалли фаъолияти онҳо ва маркази Наҳзати Тунис баста шудааст.
Ҳеҷ тавзеҳи аз сӯи мақомоти Тунис дар хусуси иттиҳомоти Ғаннушӣ ироа нашудааст.