Рубрики Хабарҳо

Озарбойҷон Русияро муттаҳам кард, ки ба аҳдномааш дар Қарабоғ амал накардааст

Вазорати умури хориҷаи Озарбойҷон рӯзи якшанбе Русияро муттаҳам кард, ки ба тааҳҳудоти худ ба унвони миёнҷӣ барои поён додан ба буҳрони Қарабоғ амал накардааст. Ба гуфтаи Боку, Русия “натавонистааст дар минтақаи Қарабоғ аз нақлу интиқоли силоҳ ва муҳиммот тавассути Арманистон ҷилавгирӣ кунад.” 

Ҷумҳури Озарбойҷон ва Арманистон даври ҷадиде аз музокироти сулҳро бо миёнҷигарии Иттиҳодияи Аврупо рӯзи шанбе 15 июл дар Брюссел оғоз карданд. Ин дар ҳолест, ки Русия бо таъкид бар нақши меҳварии худ дар фароянди оддисозии равобит миёни ин ду ҷумҳурии минтақаи Қафқоз пешниҳоди баргузории нишастеро дар Маскав додааст. 

Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон ва Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон бо ҳадафи ҳали муноқишоти тӯлониашон бар сари контроли минтақаи Қарабоғ дар Брюссел дидор карданд. 

Шарл Мишел, раиси Шӯрои Аврупо, ки миёнҷигарии ин музокиротро бар ӯҳда дошт бо “сареҳ, содиқона ва асосӣ” унвон кардани ин гуфтугӯ, тасреҳ кард: “ман ҳар ду тарафро ба бардоштани қадамҳои шуҷоъона барои итминон аз пешрафти рӯ ба ҷилав ва баргаштнопазир дар масири оддисозӣ ташвиқ кардам.” 

Ӯ ҳамчунин аз қасди худ мабнӣ бар баргузории нишастҳои дигаре дар Брюссел ва Испания бо ҳузури Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон ва Эммануил Макрон, раисҷумҳури Фаронса хабар дод. 

Озарбойҷон рӯзи сешанбе коридори Лочин, танҳо гузаргоҳи заминӣ миёни Арманистон ва Қарабоғро масдуд кард. Ҳамин амр сабаби аз саргирии танишҳо шуд. Музокироти ахир дар ҳошияи ҳамин танишҳо анҷом мешавад. 

Боку ва Ереван бо кумаки Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико ва бо ҳадафи дастёбӣ ба тафоҳумномаи сулҳ музокироти худро аз сар гирифтаанд. Афзоиши нуфузи Брюссел ва Вашингтон дар минтақаи Қафқоз, Русияро ба унвони воситаи суннатии қудрат дар минтақа хашмгин кардааст. 

“Русия омодаи баргузории нишасти сеҷониба аст” 

Маскав рӯзи шанбе пешниҳод дод то нишасте бо ҳузури вузарои хориҷаи Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шавад ва таъкид кард, ки муоҳидаи сулҳи баъдӣ метавонад дар Маскав имзо шавад. Вазорати хориҷаи Русия дар баёнияе омодагии худро барои баргузории ин нишаст эълом кард. 

Дар ҳамин ҳол вазорати дифоъи Озарбойҷон нерӯҳои ҷудоииталаби армании мустақар дар Қарабоғро муттаҳам кард, ки фаъолиятҳояшон “ба шиддат вазъияти нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русияро дар минтақа тағйир хоҳад дод.” Ин вазоратхона ҳамчунин изофа кард: “таҳти чунин шароите масъулияти сарнавишти Қарабоғи арманинишин набояд ба кишвари севуме сипурда шавад.” 

Эҳтимол меравад, ки далели изҳороти вазорати хориҷаи Озарбойҷон дархости нерӯҳои ҷудоиталаби армании Қарабоғ аз Русия барои итминон аз боз нигаҳ доштани танҳо меҳвари пайвасткунанда бо Арманистон бошад. 

Вазорати дифоъи Озарбойҷон ҳамчунин ҷудоииталабонро муттаҳам кард, ки “парвози ҳавопаймоҳои мусофирбаре бар фарози осмони Озарбойҷонро бо эҷоди тадохул дар фриконси мавҷҳои радиоӣ” халалдор кардааст. 

Дар муқобил раҳбарони шӯришиёни Қарабоғ ин иддаоҳоро “кизби маҳз” хонданд. 

Ҳудуди шаш ҳазор нафар аз мардуми минтақа рӯзи ҷумъа бо ҳадафи бозкушоии муҷаддади коридори панҷкилометрии Лочин даст ба таҷаммӯъи эътирозӣ зада буданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *