Categories Хабарҳо

Нигаронии ИМА аз фаъолшавии «ДОИШ-Хуросон»ва “Ал-Қоида”

“Барои барқарор шудани тавоноии ҷангии гурӯҳҳои террористии “Ал-Қоида” ва “Давлати исломӣ” (ДОИШ)  дар хориҷ аз Афғонистон беш аз як сол лозим аст.”

Дар ин бора Агентии иттилоотии   бо истинод аз қавли мудири  Агентии истихбороти Вазорати дифоъи ИМА, сипаҳбуди артиш Скотт Берриер (Scott Berrier) хабар дод.

Скотт Берриер зимни баромадаш дар як ҷаласаи Кумитаи Сенати ИМА оид ба қувваҳои мусаллаҳ гуфтааст, «Тибқи ҳисобҳои мо, барои барқарории ДОИШ шояд як сол, каме бештар лозим бошад. Ва Ал-Қоида аз ин ҳам бештар.”

Ба гуфтаи ӯ, Толибон, ки  дар сари қудрат дар Афғонистон ҳастанд,  ба ваъдаи худ дар бораи ҷилавгирӣ аз эҳёи Ал-Қоида дар ин кишвар “то ҳадде вафо мекунанд.

Аммо ӯ таъкид карда, ки раҳбарияти истихбороти низомии Амрико бештар аз бахши маҳаллии Давлати исломӣ — ДОИШ- Хуросон (дар Тоҷикистон мамнӯъ) нигарон аст.

Скотт Берриер гуфта, ки “Ман бештар аз ДОИШ-Хуросон дар Афғонистон нигаронам, ки онҳо тавонистаанд дар Афғонистон чанд амалиёти фалокатбор анҷом диҳанд. Ин фоли бад барои оянда аст”.

Қаблан, моҳи декабри соли гузашта, раиси Фармондеҳии марказии Амрико генерал Кеннет Маккензи тахмин зада буд, ки шумори ҷангҷӯёни Ал-Қоида дар Афғонистон пас аз ба дасти Толибон гузаштани қудрат ба далели адами назорат дар марзҳои ин кишвар афзоиш ёфтааст. Вай ҳамчунин ба фаъол шудани фаъолияти ДОИШ- Хуросон ишора карда буд.

Қобили зикр аст, ки, рӯзи 7 май ДОИШ ба самти қаламрави Тоҷикистон мушак партоб кард. Қабл аз ин дар моҳи апрел гузориш шуда буд, ки ҷиҳодиёни ДОИШ Тирмизи Узбекистонро тирборон кардаанд, ҳарчанд ҳукумати Узбакистон ин хабарро рад карда буд.

Ал-Қоида дар давраи аввали ҳукмронии Толибон — аз соли 1996 то 2001 дар Афғонистон ошкоро мустақар буд ва барои ҷангиёни худ лагерҳои омӯзишӣ дошт. Маҳз мавҷудияти пойгоҳҳои Ал-Қоида сабаби аслии ҳамлаи ИМА ва ҳампаймононаш ба Афғонистон дар тирамоҳи соли 2001 шуд. Пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва дигар нерӯҳои хориҷӣ аз ин кишвар дар тобистони соли 2021, Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико, изҳор дошт, ки амрикоиҳо ба ҳадафи аслии худ — шикасти Ал-Қоида дар қаламрави Афғонистон расидаанд.

Шохаи «Хуросон»-и ДОИШ дар аввали соли 2015 дар вилояти Нангарҳори Афғонистон пайдо шуда, фаъолиятҳояшро дар вилоятҳои Кунар ва Ҷузҷон густариш дод. Фаъолиятҳои ин гуруҳ дар соли 2016 дар пайи амалиёти низомиёни Амрико ва афғон суст шуда буд.

Аммо ба таъкиди коршиносон, шумораи пайравони ДИИШ (шохаи он бо номи Хуросон дар Афғонистон) давоми камтар аз як соли охир ду баробар афзуда, аз ду ҳазор то наздики чаҳор ҳазор нафар расиданд. Афзоиши онро ба раҳоии чанд ҳазор маҳбус аз пойгоҳи ҳавоии Багром ва зиндони Пули Чархӣ марбут медонанд. Гузашта аз ин, як қисми ҷангиён хориҷиёнанд. Ба гуфти коршиносон байни ҷангиёни Шохаи «Хуросон»-и ДОИШ тоҷикистониён низ хеле зиёданд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *