Тоҷикистон дар радабандии навшудаи оид ба суръати интернет як зина поин рафт ва дар мавқеъи 133-ум қарор гирифт. Радабандӣ бо такя ба маълумоти моҳи январи соли 2020 сохта шудааст.
Суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон танҳо аз 6 кишвар дар ҷаҳон беҳтар буда, байни 140 кишвари дунё, ки ба радабандӣ ворид шудаанд, зинаи 133-юмро ишғол мекунад. Дар зинаи охири ин раддабандӣ Фаластин ҷойгир шудааст.
Тибқи баҳогузории қаблӣ, ки моҳи октябри соли 2019 нашр шуда буд, Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети мобилӣ дар зинаи 132-юм ва интернети ноқилӣ – дар мақоми 108-ум қарор гирифта буд.
Миёни кишварҳои ИДМ аз рӯйи суръати интернети мобилӣ Қазоқистон зинаи 103-юм, Русия – 96, Қирғизистон – 115 ва Ӯзбекистон – мақоми 132-юмро касб кардаанд.