Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон Аргентинро ба сармоягузорӣ даъват кард

Тоҷикистон Аргентинро барои ширкат дар сармоягузорӣ дар тарҳҳои энержии хурду миёнаи ҷумҳурӣ даъват кард. Ин масъала рӯзи гузашта дар мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода бо сафири Аргентин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Леополдо Франсиско Саҳорес матраҳ шуд.

Ба гузориши сойти вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон, дар ин дидор тавсеъаи ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ, сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва ҳамчунин эҷоди корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии ҶТ баррасӣ шуд. Ҷониби Тоҷикистон Аргентинро барои ширкат дар сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки энергетикии давлатӣ даъват кардааст. Аз ҷумла, дар бораи сармоягузорӣ ба бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна дар Тоҷикистон низ гуфтушунид шудааст.

Дар ҳамин ҳол, таваҷҷӯҳи сармоягузорон ба Тоҷикистон, ба истиснои Чин, бисёр кам аст. Коршиносон сабаби инро дар набуди фазои озоди сармоягузорӣ, фасоди густурда ва фишорҳои идорӣ медонанд.

Бар асоси омор, гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Аргентина дар семоҳаи севуми соли ҷорӣ беш аз 11 миллион долларро ташкил дода, нисбат ба як соли қабл 1,7 баробар афзоиш ёфтааст. Хамаи ин маблағ ба воридоти маҳсулот аз Аргентина ба Тоҷикистон рост меояд. Тоҷикистон ба Аргентина чизе содир накардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *