Рубрики Хабарҳо

Сарвазири Лаҳистон: Путин аз Ҳитлер ва Сталин хатарноктар аст

Сарвазири Лаҳистон Матеуш Мораветски дар мусоҳиба бо рӯзномаи Daily Telegraph гуфт, раисҷумҳури Русия Владимир Путинро аз Адолф Ҳитлер ва Иосиф Сталин хатарноктар медонад. 

Зимни сӯҳбат ӯ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ба “Идеологияи ваҳшатнок”-и раҳбари Русия таваҷҷӯҳ кунанд.

“Путин Гитлер ё Сталин нест. Мутаассифона, ӯ хеле хатарноктар аст. Путин на танҳо силоҳи қатли омро дар ихтиёр дорад, балки барои паҳн кардани таблиғоти ғаразноки худ аз расонаҳо низ истифода мекунад”.

Ба гуфтаи нахуствазири Лаҳистон, идеологияи «ҷаҳони русӣ»-и Путин барои тамоми Аврупо таҳдиди ҳалоккунанда аст. Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд фавран ба наҷоти Укроин аз таъсири Путин тамаркуз кунад.

Вай ҳамчунин аз муттаҳидони Укроин даъват кард, ки ба ин кишвар кумаки низомӣ расонанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *