Рубрики Хабарҳо

Ӯзбекистон –кишваре рӯ ба баҳор

Бахтиёр Аминӣ, шоир ва рӯзноманигори тоҷики муқими Аврупо, ки чанде қабл ба Ӯзбекистон сафар карда буд, аз дидаву мушоҳидаҳояш дар ин кишвар қисса карда, онро “кишваре рӯ ба баҳор” номидааст.

Ин ҳам сафарномаи шоир ба ҳамсоякишвари Тоҷикистон:

САФАР ДАР ЗИМИСТОН БА КИШВАРЕ РӮ БА БАҲОР

Чанде пеш гузориши маҷаллаи маъруфу муътабари “The Economist “- ро рӯи сафҳаи фейсбукиам кошта будам, ки Ӯзбекистонро кишвари сол эълон карда буд.
Ростӣ ,бовар накарда будам ,чунки ҳамеша ба ҳама навиштаҳо бо тардиду шакк менигарам. Бо вуҷуди бовар накардан ин хабари хушро ба ҳамсоягонамон табрик гуфтам ва ба худам аҳд кардам ки ҳатман дар сафаре ки пешопеш ба нақша гирифта будам, аз дидаҳоям нақл кунам ва аз дурустиву нодурустии он бигӯям.
Субҳи 3 уми январ ба Тошканд аз тайёраи Turkish Airlines фуруд омадам.

ФУРУДГОҲ

Корти шиносоии ҳар кишвар ин фурудгоҳу вокзолу гузаргоҳҳои марзиаш ҳастанд. Дар фурудгоҳ истиқболи кормандон хеле гарм буд. Кормандони кунтрули шиноснома хеле муаддабона ва бо эҳтироми хос ба меҳмонони кишварашон бархӯрд доштанд. Корманде ки шиносномаи маро тафтиш мекард, аз ман бо меҳрубонӣ ва эҳтиром узрхоҳӣ кард, ки мушкиле пеш омада, биравам биншинам, ӯ худаш маро садо хоҳад кард.
Намедонам чӣ мушкиле буд,вале дар зарфи 30 дақиқа се бор наздам омад ва ҳар бор мегуфт: “Бахтиёрака,бибахшед ками дигар сабр кунед”.
Ин лаҳзаҳо худам ба чашму гӯшам бовар намекардам,ки ман дар Ӯзбекистон ҳастам ё кишвари дигар. Баъд маро садо кард ва шиносномаро ба дастам доду сафари хушу хотирмон орзуям кард. Аз кунтрул берун шудам ва рафтам то кифҳоямро бигирам. Гирифтам ва хостам симкорт бихарам. Пешопеш дӯстон гуфта буданд, ки дар худи фурудгоҳ метавон симкорт харид.
Осон стенди вежа барои сайёҳонро ёфтам ва боз ҳам бо муҳаббати хосу лутфу зиёд симкорти ӯзбекистониро ба тилфонам гузоштанду истироҳати хуш таманно карданд.

ТОКСИРОНҲО

Берун баромадам, токсиронҳои бисёре мунтазири муштарӣ буданд ва мепурсиданд куҷо мехоҳам равам то бибаранд ва ҳеч кадомаш ба одам “намечаспид”. Вакте мегуфтам, дӯстонамро интизорам ва онҳо меоянд бо онҳо меравам, боз хам меҳрубон буданд. Яке мегуфт биншинам дар мошинаш то хунук нахурам, дигаре гӯшиашро пешкаш мекард, то ба дӯстонам занг бизанам…

ПОЛИС

Полисро дар шаҳр қариб ки намебинӣ. Ва бо онҳое ки вохӯрдам,бо ҳар баҳонае аз эшон суолҳо мекардам, бодиққат гӯш мекарданд ва ба қадри тавонашон ҷавоб медоданд. Аз он бархӯрди бади ғайриинсонӣ ки солҳои 90 буд, ному нишоне намонда аст. Намедонам чӣ тур, вале тавонистаанд, ки дар ин сохтор низ дигаргуниҳои назаррас анҷом диҳанд. Як полиси намунавӣ ва хуб.

САРРОФӢ

Медонем, ки бозори арзи Ӯзбекистон чӣ тур буд пештар. Пинҳонӣ арз иваз мекарданд ва агар полис бохабар мешуд , ҳатто зиндон ҳам мекарданд ва фарқи бадали арз ҳам хеле дар бонкҳо ва “бозори сиёҳ” тафовут дошт. Ҳоло бо фисади ночизе дар бонкҳо иваз мекунанд ҳеч ҳаёҳуе нест ва бозори сиёҳи хариду фурӯши арз аз байн рафта. Берун аз тасаввур аст,ки дар як рӯз то 100 ҳазор дуллор иваз карданро иҷоза доштаанд.

БОЗОР

Ман чун як одами шарқӣ ошиқи бозорам.Аз бозор ҳар чӣ хостӣ бо қимате ки розӣ ҳастӣ, мехарӣ. Қариб 60 дарсади маҳсулоти бозор истеҳсоли худи Ӯзбекистон буда, аз анвоъи зиёди панир,ҳасиб, ширу қаймоқу шаробу дигару дигар сар карда,то мошину трактор.

ОМӮЗГОР

Таваҷҷуҳи вежаи Шавкат Мирзиёев ба тарбияву таҳсили насли наврас қобили ситоиш аст.Ӯ ба кӯдакистону макотиб хеле диққати хоса медиҳад. Ҳуқуқи миёнаи омӯзгорони макотиби таҳсилоти умумӣ баробари 280 дуллори амрикоӣ аст. Президент ният дошта ки ин рақамро дучанд боло барад. Омӯзгорони донишкадаву донишгоҳҳои кишвар ҳоло аз 700 дуллор то 1000 дуллор ҳуқуқ мегиранд.

МАСОҶИД ВА ОЗОДИҲОИ ДИНӢ

Ҳутали ман рӯбарӯи яке аз масоҷиди ҷомеъи Тошканд буд ва ман аз тиреза намозгузоронро мушоҳида мекардам. На танҳо рӯзи ҷумъа, дигар рӯзҳо низ намозгузорон кам набуданд. Ҷавонон аксарашон. Бо чанде аз онҳо ҳамсуҳбат шудам,шодиовар буд, ки аслан таассуби динӣ надоштанд.Ҳарчанд ман амдан сахту тунд ҳарфҳое мегуфтам. Дар кӯчаҳои шаҳр бонувони сатрпӯш ва ҷавонони ришдор бо ҳамсолони худ, ки мисли ҷавонони Вошингтону Порису Берлин либос мепӯшиданд озодона гаштугузор мекарданд. Қаҳвахона ва рестуронҳо, ки дар сари ҳар қадаманд, ҳамеша серодаманд.

ОЗОДИИ БАЁН

Раисиҷумҳур аҳаммияти озодии баёнро дар рушди кишвар хуб дарк карда. Аз ин рӯст, ки ҳамвора рӯзноманигорон ва блогеронро даъват мекунад, ки ҷасурона аз камбудиҳое ки дар кишвар мебинанд интиқод кунанд ва ба худсонсурӣ роҳ надиҳанд.

МАРҲАБО, ХУШ ОМАДЕД!

Калимаҳое, ки дар сари ҳар қадам меҳмонон мешунаванд.
Сиёсати дарҳои боз ва муносибати хуб бо ҳамсоякишварҳо натиҷаи хуб дода.Танҳо сайёҳӣ дар соли гузашта тахминан 6.5 милёрд суд овардааст. Аз сармоягузориҳое, ки Чину Туркияву дигар кишварҳо кардаанд, ки намегӯям.
Танҳо дар як сафари раисиҷумҳур ба Фаронса соли гузашта ,қарордодҳо ба маблағи бештар аз 5 милёрд ба имзо расид.

ГУЛИ УМЕД

Дар ин сафар, ҳар ҷо ки мерафтам, бо ҳар кас ки менишастам, як падида эҳсос мешуд: ҳама бо як умед ба оянда ба назари нек менигаранд ва хушбинанд. Ин як ангеза (мотиватсия) барои сохтани зиндагии обод барои худ ва шукуфоии кишвари худ аст. Дӯсти тошкандиям инро “баҳори Мирзиёев” меномид…

Манбаъ: саҳифаи фейсбукии муаллиф

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *