Тоҷикистон тадбирҳои назоратро дар марз бо Афғонистон пурзӯр кард ва дар ҳамаи постгоҳҳои назоратӣ шаҳрвандон дақиқан санҷида мешаванд.
Дар ин бора муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Мирҳамуддин Камолзода хабар дода гуфтааст, “дар Афғонистон аллакай далелҳои сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, ин маълумотро дирӯз, 24-уми феврал ба мо тасдиқ карданд. Аз ин рӯ, тасмим гирфтем, ки назоратро дар убури сарҳад бо Афғонистон пурзӯр кунем”.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҷо дар бораи пурра баста шудани сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон сухан намеравад. Кормандони тандурустӣ айни замон дар сарҳад буда, вазъ он ҷо зери назорат аст. Барои пешгирии вуруди коронавирус ба кишвар тариқи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои байнулмилалӣ бо мақомоти марбутаи ҳукумати Афғонистон ҳамкорӣ ба роҳ монда шудааст.
Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон итминон медиҳад, ки дар кишвар ягон ҳодисаи сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
“Он шаҳрвандоне, ки дар карантин буданд, ягон аломати бемории мазкурро надоштанд.