Рубрики Хабарҳо

Имтиёзи нав ба домодҳои Эмомалӣ Раҳмон

Воридоти маҳсулоти сохтмонӣ ба осоишгоҳҳои “Зумрад” дар Исфара ва “Шоҳамбарӣ” дар Ҳисор, ки ба домодҳои Эмомалӣ Раҳмон таъаллуқ доранд бо қарори нави ҳукумати Тоҷикистон дубора аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз озод шуданд

Ҳаҷми маҳсулоти воридшаванда ба ин ду осоишгоҳ маълум нест ва намешавад ҳисоб кард, ки дар натиҷаи ин қарорҳо буҷаи Тоҷикистон чӣ қадар маблағро аз даст медиҳад. Аммо Радиои Озодӣ аз қароре хабар медиҳад, ки таҳти рақами 81-и ҳукумати Тоҷикистон 8-уми феврал имзо шудааст ва тибқи он моликони осоишгоҳҳои “Зумрад” ва ”Шоҳамбарӣ” 88 номгӯй масолеҳи сохтмониро метавонанд бе пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз ба кишвар ворид кунанд.

Моҳи декабри соли 2019 OCCRP ё Барномаи Гузоришгарӣ дар бораи Ҷароими Созмонёфта ва Фасод гузориш дода буд, ки осоишгоҳҳои “Зумрад” ва “Шоҳамбарӣ” ба ширкатҳои хонаводаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тааллуқ доранд.

Қабл аз ин, моҳи июли соли 2019, ҳукумат бо судури айни чунин қарор маводи сохтмонӣ барои Осоишгоҳи “Зумрад” ва ду ширкати дигарро аз пардохти андозу боҷи гумрукӣ озод карда буд.

Дар рӯйхате, ки ба қарори ҳукумати замима шудааст, аз рахти хобу курсиву ҷевон то пардаву унитаз ва дастаи дару ҷумаки об навишта шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *