Раисҷумҳури Амрико Созмони беҳдошти ҷаҳониро муттаҳам кард дар муқобила бо бемори коруно муртакиби хатоҳои фоҳиш шудааст. Амрико бузургтарин таъминкунандаи будҷаи ин ниҳод аст. Трамп эълом кард, ки Амрико қатъи будҷаи ин ниҳодро истисно намедонад.
Дар авҷи шуйӯъи бемории коруно дар ҷаҳон, Доналд Трамп бар фишори худ бар Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ афзудааст. Трамп эълом кард, ки давлати ӯ мавзӯъи қатъи таъмини будҷаи Созмони беҳдошти ҷаҳониро баррасӣ хоҳад кард.
Раисҷумҳури Амрико муддаӣ шуд, ки Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ хатоҳои бисёре дар амри муқобила бо шуйӯъи вируси COVID-19 муртакиб шудааст.
Трамп дар оғози конфронси матбуоти худ ба гунае сухан гуфт, ки гӯё пардохти пул ба Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ аз сӯи Амрико мутаваққиф шудааст. Аммо сипас дар посух ба пурсиши хабарнигорон, ки пурсида буданд оё чунин иқдоме дар шароити кунунӣ, иқдоме мантиқӣ аст ё хайр, Трамп аз мавзеъи пешин ақибнишинӣ кард ва гуфт, ки мо чунин иқдомеро баррасӣ хоҳем кард.
Трамп гуфт: “Ман нагуфтам, ки мо чунин коре хоҳем кард.” Бояд ёдовар шуд, ки Иёлоти муттаҳидаи Амрико бузургтарин таъминкунандаи будҷаи Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ аст.
“Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ воқеан ганд задааст! “
Пеш аз шурӯъи конфронси матбуотӣ, Доналд Трамп бо интишори як пости твитерӣ аз амалкарди Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ ба шиддат интиқод карда буд.
Трамп дар ин пости твитерӣ муддаӣ шуда буд, ки ба рағми он ки бахши калони будҷаи ин Созмон тавассути Амрико таъмин мешавад, ин Созмон хеле зиёд ба вазъияти шуйӯъи беморӣ дар Чин пардохта ва тавсияҳои ғалате кардааст.
Мунтақидон бар ин боваранд, ки Трамп дар ибтидо борҳо хатари шуйӯъи бемории коруноро ночиз арзёбӣ кардааст. Трамп ҳафтаҳо пас аз шуйӯъи бемории коруно дар Амрико борҳо муддаӣ шуда буд, ки шумори қурбониёни коруно дар Амрико ба зудӣ кам хоҳад шуд ва ҳама чиз таҳти контрол аст.
2000 қурбонӣ дар як рӯз
Бар хилофи иддаоҳои пешини Доналд Трамп, шумори қурбониёни бемории коруно дар Амрико ҳамчунон афзоиш меёбад. Бар асоси оморе, ки аз сӯии донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс мунташир шуда, шумори мубталоён ба бемории коруно дар Амрико ба ҳудуди 400 ҳазор нафар расидааст.
Афзун бар он, шумори қурбониёни бемории коруно дар Амрико низ ба марзи 13 ҳазор нафар наздик шудааст. Коршиносони донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинс дар айни ҳол эълом кардаанд, ки танҳо зарфи 24 соати гузашта 1939 нафар дар Амрико дар асари ибтило ба бемории коруно ҷон бохтаанд.
Ин бештарин теъдоди қурбониёни коруно дар Амрико зарфи як рӯз аст. Доналд Трамп чанд рӯз пеш аз эҳтимоли кушта шудани беш аз сад ҳазор нафар дар асари ибтило ба бемории коруно сухан гуфта буд. Мушовири Трамп дар амри муқобила бо бемории коруно ҳатто эҳтимоли марг то 240 ҳазор нафар дар Амрикоро дар асари ибтило ба ин бемории истисно надониста буд.