Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов ба Афғонистон сафар кардааст. Аз гуфтугӯи ӯ бо мақомоти афғон дирӯз панҷшанбе, 10-уми сентябр сойти расмии Вазорати дифои Афғонистон хабар дод.
Гуфта мешавад Ятимов бо Асадуллоҳ Холид, сарпарасти Вазорати дифои Афғонистон дар бораи ҳамкориҳои марзӣ, мубориза бо терроризм ва мавзуи сулҳ гуфтугӯ кардааст.
Мақомот ва расонаҳои расмии Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи сафари раҳбари КДАМ ба ҳамсоякишвар хабар ё маълумоте нашр накардаанд.
Сойти Вазорати дифои Афғонистон дар идома менависад, ки Асадуллоҳ Холид аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон изҳори хушҳолӣ карда, бар идомаи ҳамкориҳои ду кишвар таъкид намудааст.
Дар ин авохир тамосҳои дипломатии ду кишвар низ бештар шудаанд. Қаблан раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои афғониаш Ашраф Ғанӣ сӯҳбати телефонӣ анҷом дода буд.
Пеш аз раисҷумҳурҳо вузарои хориҷии ду кишвар Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҳаниф Атмар низ тавассути телефон гуфтугӯ карда буданд.