Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар гуфтугӯи мустақим бо мардум, ки шоми дирӯз, 27 октябр баргузор шуд, аз нақшаи мақомот дар бораи эҷоди як фитнаи дигар дар яке аз зиндонҳои Тоҷикистон хабар дод. Ӯ таъкид кард мақомот мехоҳанд дар яке аз зиндонҳо як ошӯби сохта барпо кунанд ва дар ин кор чанд ҳадафро думбол менамоянд.
Раҳбари мухолифини тоҷик гуфт, тибқи иттилоъе, ки ду рӯз қабл ба Паймони миллӣ расида ва аз чанд манбаъи дигар низ таъйид шудааст, мақомоти кишвар қасд доранд як исёни сохташуда дар зиндон барпо кунанд ва бо ин кор се ҳадафро думбол мекунанд:
1. Амниятитар кардани фазои кишвар. Ба гуфтаи Кабирӣ, мақомоти Тоҷикистон ҳамеша, ҳади ақал 20 соли охир фазои кишварро амниятӣ нигоҳ медоранд, ҳар замон ошӯбе, ҳамлае эҷод ва онро пахш мекунанд, то мардум ҳамеша дар фикри амният бошад ва нақзи саросарии ҳуқуқашро фаромӯш кунад;
2. Иттиҳоми нав бастан ба ҲНИТ. Раиси Ҳизбни наҳзати исломии Тоҷикистон гуфт мақомот мехоҳанд ин ҳизбро, ки ахиран дар хориҷ фаъолтар шудааст, дар ташкили ошӯбҳо дар дохил ва ҳатто даст ёфтанаш ба зиндонҳо муттаҳам кунанд;
3. Бо таъсиси исёни сохта, мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд чанд мухолифи маъруф ва таъсиргузори зиндонии дигарро, ҳамон гуна, ки қаблан дар зиндони Ваҳдат куштанд, нобуд созанд.
Раҳбари ПМТ гуфт дар ин фитнаҳо бештар “нафари ба ҳама маълум”, яъне Эмомалӣ Раҳмон ва хонаводааш манфиат доранд, то ҳамеша мардумро дар тарсу ҳарос нигоҳ доранд. Ва таъкид кард ҳама гуна фитнаҳо дар Тоҷикистон аснои сафари Эмомалӣ Раҳмон дар хориҷ иттифоқ меафтад.
“Эмомалӣ Раҳмон ягона раҳбари давлат дар ҷаҳон аст, ки аксари сафарҳои хориҷиаш сирри давлатӣ мебошанд. Вақте аксари кулли сафарҳои ӯ то замони баргузориашон пинҳон нигоҳ дошта мешавад, зиндониҳо аз куҷо хабар меёбанд, ки фалон рӯз ӯ сафар мекунад ва тасмим мегиранд дар ҳамон рӯз ошӯб барпо кунанд?” — суолгузорӣ кард ӯ.
Дар посух ба ин суол раҳбари мухолифин гуфт яке аз сабабҳои дар набудани Раҳмон эҷод шудани ин гуна фитнаҳо ин аст, ки ӯ корҳои сиёҳро бо дасти дигарон анҷом медиҳад, то худашро ҳам дар дохилу ҳам дар хориҷ сафед нишон диҳад.
Ҳоло Эмомалӣ Раҳмон дар Остона, пойтахти Қазоқистон қарор дорад ва ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ имкон дорад фитнаи тарҳрезикардаи мақомот дар ҳамин рӯзҳо иттифоқ афтад.
Шакли пурраи гуфтугӯи раҳбари Паймони миллӣ бо мардумро, ки масъалаи эҷоди як ошӯби сохтаи мақомот дар он баҳс шуд, метавонед инҷо бубинед: