Рубрики Хабарҳо

Манъи намоз ва футбол барои саркашӣ аз хидмати аскарӣ

Мақомоти Тоҷикситон ба хотири иҷрои нақшаи даъват ба артиш, роҳҳои гуногуни маҷбур сохтани мардумро кашф мекунанд. Агар қаблан нақша тавассути “облава” пур мешуд, зоҳиран ин усул дигар корсоз нест.

Бо фармони раиси Нуробод Ҳасани Дӯстзода, рӯзи 26 апрел дар ягон масҷиди ноҳияи Нуробод намози ҷумъа доир нашуд. Тибқи гузориши “Ахбор” мақомоти ноҳия гуфтаанд, намози ҷумъа танҳо баъди иҷрои нақшаи даъват ба саффи қувваҳои мусаллаҳ иҷозат дода хоҳад шуд. Дар ҷамоъати Лангари ноҳияи Мӯъминобод бошад, масъулон таҳдид кардаанд, ки дар сурати иҷро нашудани нақшаи даъват майдончаи варзиширо ба киштзор табдил медиҳанд.   

Сомонаи “Ахбор” бо истинод ба сокинони ноҳияи Нуробод хабар дод, ки рӯзи 26 апрел дар ягон масҷиди ин ноҳия намози ҷумъа доир нашуд. Мақомоти ноҳия ба масъулони масҷидҳо гуфтаанд, ки бо фармони раиси Нуробод Ҳасан Дӯстзода, намозҳо дар масҷидҳо танҳо баъди иҷрои нақшаи даъвати баҳорӣ ба саффи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон иҷозат дода хоҳад шуд. Ин мақомот гуфтаанд, ки қарор аст, ба зудӣ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Нуробод боздид кунад ва ҷаноби раис Дӯстзода мехоҳад, ки Нуробод ҳанӯз то сафари президент нақшаи даъват ба артишро иҷро кунад ва «ягон проблема нашавад”.

Як сокини ноҳияи Нуробод гуфтааст, рӯзи 26 апрел дар масҷиди маркази нави ин ноҳия азони намози ҷумъаро доданд, ҳатто қомат ҳам гуфта шуд ва мардум тоза барои адои намоз саф мекашиданд, ки намояндагони мақомот вориди масҷид шуданд ва садҳо намозгузори ҷамъшударо аз масҷид берун карданд: «Рӯирост гуфтанд, ки то вақте ки бачаҳоятонро барои хидмати ҳарббӣ насупоред, ягон намоз-памоз нест!”

Ба гуфтаи сокини дигари Нуробод, дар маркази кӯҳнаи ин ноҳия имоми масҷидро чанде пеш аз шурӯи намоз занг зада, талаб кардаанд, ки мардумро ба масҷид роҳ надиҳад ва намози ҷумъаро доир накунад: «Кормандони масҷид дар дами дарвоза истода, мардумеро, ки барои намози ҷумъа меомаданд, шармида-шармида аз роҳ мегардонданд, ки баргардед, имрӯз намоз намешавад. Чунин ҳодисаро ҳатто кӯҳансолон бори аввал шоҳид шуданд. 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ дар ҳамин Нуробод ҷангу ҷӯш буд, вале ягон бор ягон кас намози ҷумъаро манъ накарда буд. Дар 70 соли Иттиҳоди Шӯравӣ касе намози ҷумъаро манъ накард, ҳарчанд сиёсати давлати Шӯравӣ атеизм, яъне бехудоӣ буд. Имрӯз Ҳасан Дӯстзода ба хотири ҳифзи мансабу курсиаш аз пеши худ гирифту намози ҷумъаро манъ кард дар тамоми Нуробод!”

Сокинон аз деҳаҳои чанд дараи гуногуни Нуробод низ дар суҳбат бо «Ахбор” тасдиқ карданд, ки рӯзи 26 апрел дар масҷидҳои деҳоти онҳо низ намози ҷумъаро иҷозат надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигори тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз усули аҷибулғариби дигаре дар ноҳиҷи Мӯъминобод хабар додааст.  

“Масъулони ҷамоати Лангари ноҳияи Муъминобод ба сокинони деҳаи Чашмаи ҷӯшони ин ноҳия гуфтанд, агар то рӯзи душанбе се ҷавонро барои хидмати ҳарбӣ ‘таслим’ накунанд, майдони варзишгоҳи деҳаро ҷуфт карда дар ҷояш алафи чорво хоҳанд корид. Ин дар ҳолест, ки майдони мазкур ягона макони футболи ҷавонону наврасони деҳаи мазкур ва чор рустои атроф мебошад” — навиштааст Ғурбатӣ.

Қаблан Паём аз усули дигари “ҷалб”-и ҷавонон ба артиш дар ҷамоъатҳои Чоркӯҳ ва Ворухи ноҳияи Исфара навишта буд. Дар онҷо волидони ҷаононро ба асорат мегиранд, то фарзандонашон аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта, ба сафи артиш пайванданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *