Соли ҷорӣ воридоти маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ ба Тоҷикистон бештар шудааст. Ҳамчунин афзоиши воридоти маҳсулоти гиёҳӣ афзоиш ёфтааст.
Воридоти маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ аз аввали соли чорӣ дар ҳаҷми 24,7% ё бо ҳисоби пулӣ $17,3 млн. афзоиш ёфта каме бештар аз $87,4 млн.ро ташкил додааст. Ин нишондиҳанда дар январ-марти соли 2021 ба $70 млн баробар буд.
Ба рӯйхати маҳсулоти тайёри хӯроквории воридшаванда маҳсулоти қаннотӣ, консерваҳо, маҳсулоти баҳрӣ ва ғайра ворид мешаванд.
Ин намуди маҳсулот асосан аз Русия, Чин, Узбекситон ва Қазоқистон ворид карда мешаванд.
Дар ҳамин муддат воридоти маҳсулоти гиёҳӣ беш аз $96 млн.ро ташкил додааст, ки аз ҳамин давраи соли гузашта $12,2 млн. ё 14,6% бешатр мебошад.
Афзоиши воридоти маҳсулоти хӯрокӣ дар ҳолест, ки Тоҷикистон тибқи чанд барнома тасмим дорад фарқи байни содироту воридотро аз се баробари имрӯза ба 1,5 баробар расонида, дар таъмини маҳмулотӣ хӯрокворӣ худкифо шавад.