Categories Хабарҳо

Дар Исфара ҳам бо талаби истеъфои Раҳмон шиор навиштанд

Пас аз шиорнависии пурсарусадо дар маркази Хуҷанд ин кор дар Исфара такрор шуд. Шаби 9 ба 10 январ дар гузаргоҳи зеризаминии назди бозори марказии шаҳри Исфара шахсони номаълум бо талаби истеъфои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шиор навиштаанд. 

Пойгоҳи хабарии “Бомдод” бо истинод ба манобеъаш хабар дод, ки мақомот алакай субҳи 10 январ ин шиорҳоро пок кардаанд. Ба навиштаи нашрия рӯзи якшанбе, 10 январ дар гузаргоҳи зеризаминии назди бозори марказии Исфара ва атрофи он шумори зиёди кормандони милиса ва амният дида мешуд ва ба раҳгузарон иҷозати акс ё навор гирифтани ҷои шиорҳоро намедоданд.

Дар як ҳафтаи охир ин бори дуюм аст, ки дар шаҳрҳои вилояти Суғд шиорҳо бо талаби истеъфои президент Эмомалӣ Раҳмон пайдо мешаванд.

Шаби 3 январ шахсони номаълум дар рӯи фарши роҳрав ва як девор дар хиёбони Шарқ дар наздикии бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд низ шиорҳое бо талаби истеъфои президент навишта буданд. Видеои он шиорҳои пойгоҳи “Ислоҳ ТВ” нашр кард. Мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон то кунун хабару видеоҳои нашршуда дар бораи шиорҳои зидди Эмомалӣ Раҳмон дар Исфараву Хуҷандро шарҳ надодаанд.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *