Дар вилояти Калугаи Русия ҳудуди 2000 нафарро, ки гуфта мешавад бар асоси издивоҷи қалбакӣ шаҳрвандии ин кишварро дарёфт карда буданд, аз шаҳрвандӣ маҳрум маҳрум карданд. Дар ин бора бо истинод ба устондори вилояти Калуга Владислав Шапша хабар медиҳад.
Шапша гуфтааст, ки теъдоди иҷозатнома барои дарёфти шаҳрвандӣ нисбат ба солҳои қаблӣ ду баробар кам шудааст.
Ба гуфтаи устондори вилояти Калуга, ин вилоят ширкат дар барномаи дарёфти шаҳрвандиро қатъ кардааст.
“Мо якҷоя бо додситонӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати тафтиши ақди никоҳҳои қалбакӣ корҳои зиёде анҷом додем. Дар тӯли ин шаш моҳ тақрибан 2000 нафар бо сабаби издивоҷи қалбакӣ аз шаҳрвандии худ маҳрум шуданд”, — гуфтааст Шапша.
Устондори Калуга ҳамчунин дар бораи вокуниши афроде, ки бо роҳи издивоҷ барои гирифтани шаҳрвандӣ талош мекунанд, гуфтааст: “Ҳоло хориҷиҳо дарк кардаанд, ки ин роҳ бастааст. 73 аризае, ки чанде пештар ба идораи САҲШ пешниҳод дода шуда буд, сабт нагардиданд. Сабаб маълум аст”.
Айни ҳамин кор чанд сол қабл дар ҷумҳурии Тотористон роҳандозӣ шуда, садҳо хориҷӣ аз шаҳрвандии Русия маҳрум шуда буданд. Аксари кулли онҳо бо сабти издивоҷи қаобакӣ соҳиби шиносномаи русӣ гашта буданд.
Гуфтанист издивоҷ бо шаҳрванди Русия яке аз роҳҳои осони ба даст овардани шаҳрвандии ин кишвар мебошад, ки бисёре аз муҳоҷирон, аз ҷумла аз Тоҷикистон аз он истифода мекунанд. Русия солҳои охир назорат аз болои дастрас кардани шаҳрвандии ин кишвар тариқи издивоҷро пурзӯр карда, мақомоти ин давлат баъзан аз ошкор шудани издивоҷҳои қалбакӣ иттилоъ медиҳанд.