Рубрики Хабарҳо

Бод сари Иличро аз тан ҷудо кард ва минтақаро бе чароғи иличӣ гузошт (10 акс)

Хисороте, ки тундбоди ду рӯз қабл дар вилояти Суғд ба ҷой гузошт, то ҳанӯз на танҳо ҳисоб нашудааст, балки аксари минтақаи аз асари ин боди шадид зарардида то ҳанӯз бидуни барқ ба сар мебарад.

Ин бод дар шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атрофи хисороти зиёде ба ҷой гузошт, аз ҷумла боми хонаҳо ва дарахту симҷӯбҳои зеёдеро барканд. Дар аксҳое, ки хонандагони Паём фиристодаанд, дида мешавад ҳатто деворҳоро чаппа кардааст.

Аз “заҳматҳо”-и ин бод чапагардон кардани арчаи сонинавӣ дар Хуҷанд ва кандани сари ягона ҳайкали Ленин дар шаҳри Хуҷанд аст.

 

Ҳамчунин ин бод бо кандани симчӯбҳо ва истгоҳҳои барқӣ аксари минтақаро бе барқ гузошт, ки дар бисёре аз навоҳӣ ва деҳаҳо ҳанӯз барқарор нашудааст. Дар худи шаҳри Хуҷанд танҳо дар маркази шаҳр барқ дода шудааст ва маҳаллаҳои атрофи он аз “чароғи иличӣ” то ҳанӯз маҳруманд.

Дар ноҳияи Ашт ҳам аксари деҳаҳо ҳанӯз барқ надоранд. Дар ин ноҳия бод антенаҳои мавҷпарокании ширкатҳои мобилиро хароб карда, мардумро бидени алоқа боқӣ гузоштааст. Фарҳод Холиқов, сокини ҷамоати Понғози ин ноҳия, ки дар Маскав қарор дорад,  ба Паём гуфт, ки рӯзи дуюм аст наметавонад бо хонаводааш тамос гирад.

Дар ин ноҳия ҳам бод харобиҳои зиёд овардааст.

 

 

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *