Шӯрои амният бо пешнависи қатъномаи пешниҳодии Москва барои кӯмакрасонӣ аз тариқи як гузаргоҳи марзӣ ба Сурия мухолифат кард.
Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар пайи ветои қатъномаи кӯмакрасонӣ ба Сурия тавассути Чин ва Русия, пешнависи қатъномаи пешниҳодии Москва барои кӯмакрасонӣ аз тариқи як гузаргоҳи марзӣ барои муддати шаш моҳро рад кард.
Рӯзи гузашта Русия қатъномам тамдидм созукори ирсоли кӯмакҳои фаромарзӣ ба Сурияро ки таърихи он 10 июл поён меёбад, вето ва пешниҳоди худро матраҳ кард.
Пешниҳоди Русия барои ирсоли кӯмакҳои байналмилалӣ аз тариқи гузаргоҳи марзии «Cilvegözü» -и Туркия ба «Бобул — ҳаво» — и Сурия барои муддати 6 моҳ, 9 раъйи лозим аз Шӯрои Амниятро нагирифта ва рад шуд.
Амрико, Фаронса, Англия, Олмон, Белгия, Эстония ва Ҷумҳурии Доминикан бо пешниҳод Русия мухолифат карда ва Тунис, Нигерия, Индонезия ва Ҷазираи Сент-Винсент ва Гренадин раъйи мумтанеъ доданд.
Аз сӯи дигар Русия, Чин, Ветнам ва Африқои Ҷанубӣ ба ин пешниҳод раъйи мувофиқ доданд.
Гуфтанист анҷоми кӯмакҳои башардӯстонаи фаромарзӣ ба Сурия вобаста ба қатънома Шӯрои Амният Созмони Милал аст. Қатъномаи Шӯрои Амният барои ирсоли ин кӯмакҳо соли 2014 ба тасвиб расида ва 10 июл ба поён мерасад.
Дирӯз Русия, ки хоҳони коҳиши теъдоди гузаргоҳҳои марзӣ барои ирсоли ин кӯмакҳо ба Сурия буд, исрори Олмон ва Белгия барои тамдиди ин қатъномаро нвпазируфт ва ҳамроҳ бо Чин онро вето кард.
Кӯмакҳои башардӯстона ба Сурия аз сол 2014 то кунун аз гузаргоҳҳои “Cilvegözü” ва “Öncüpınar” – и Туркия ирсол шудааст. Бар асоси гузориши Созмонм Милал, 70 дарсад аз 3 миллион нафар, ки дар Идлиб дар шимоли ғарби Сурия зиндагӣ мекунанд ниёз ба кӯмакҳои башардӯстона доранд.
Туркия муддате пеш ба Шӯрои Амният пешниҳоди кушоиши панҷумин гузаргоҳ марзӣ барои ирсоли кӯмакҳои фаромарзи ба Сурияро дод. Келлӣ Крафт, намояндаи доими Амрико дар Созмони Милал низ аз ин пешниҳод ҳимоят карда буд.