Ҳайати намояндагони Ӯзбекистон бо раҳбарии сарвазири ин кишвар Абдулло Орипов дар нишасти кории комиссиюни муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкат хоҳад кард.
Қарор аст дар ин нишаст, ки пагоҳ 10-уми январ баргузор мешавад, масоили ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва шиносоиву хатгузории сарҳадҳои байни ду кишвар баррасӣ шавад.
Ҳайати Тоҷикистонро сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода раҳбарӣ мекунад.
Сарвазири Ӯзбекистон ҳамчунин масъалаи тайёрӣ ба сафари раисҷумҳури ин кишвар Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистонро дар моҳи март, бо ҷониби Тоҷикистон ба баррасӣ хоҳад гирифт.
Масъалаи шиносоӣ ва хатгузории байни сарҳадҳо охирин бор соли 2012 баррасӣ шуда буд, ки инак бо гузашти 5 сол аз сар гирифта мешавад. Дар соли 2012 баҳс бештар болои Обанбори Фарҳод шуда буд, ки бидуни ҳеҷ натиҷае хотима ёфт.
84 дарсади сарҳади байни ду кишвар то соли 2002 хатгузорӣ ва тасдиқ шудаанд. Қарор аст 16 дарсади боқимондаи онро комиссиюни муштараки навтаъсис ба баррасӣ гирад.
Баъди ба раёсати ҷумҳурии Ӯзбекистон расидани Шавкат Мирзиёев муносиботи ду кишвари ҳамсоя рӯ ба беҳбудӣ ниҳодаанд. Раисҷумҳури Ӯзбекистон дар баромади чанд рӯз қаблаш дар парлумони ин кишвар гуфта буд кишвараш тайёр аст роҳи оҳан ва хати интиқоли нерӯи барқро бо Тоҷикистон аз нав барқарор кунад.