Рубрики Хабарҳо

Толибон дар саросари сарҳади Туркманистон

Хабаргузории Anadolu навиштааст, ки ҳамаи ноҳияҳои вилояти Бодғис дар шимолу ғарби Афғонистон таҳти назорати Толибон гузаштаанд.

Губернатори вилояти Бодғис Ҳисомиддин Шамс гуфтааст, ки шаҳри Калъаи Нав, ягона маркази маъмурии ин вилоят дар марз бо Туркманистон, таҳти назорати Толибон қарор гирифтааст.  

Ба гуфти Ҳисомиддин Шамс ҷангҳо дар ҳудуди шаҳр ҷараён доранд ва Толибон як қатор маҳаллаҳо, бахусус зиндонҳоро  тасарруф кардаанд. Мансабдорон ба сӯи фурудгоҳ равон шуданд, то аз Бодғис фирор кунанд.

Дар ҳамин ҳол, вазорати умури дохилаи Афғонистон мегӯяд, ки дар вилояти Бодғис нерӯҳои кофӣ барои мубориза бо Толибон мавҷуданд. 

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳурии Туркманистон ҷаласаи васеи Шӯрои Амниятро даъват карда, вазъи ноором дар Афғонистони ҳамсоя ва имкони афзоиши сафарбарии низомии нерӯҳои туркман дар марзи байни ду кишварро баррасӣ кард.

Бердимуҳаммадов ба вазорати дифоъи кишвар фармон додааст, ки дар музофотҳои Марв ва Лебап 130 км аз марз  мушакандозҳоро омода кунанд.  Таҷҳизоти иловагӣ ба фурудгоҳи низомии Марв -2 интиқол дода шавад,  ҳавопаймоҳои ҳамлавар  ва чархболҳои низомӣ низ омода бошанд. Нуқтаи назорати гурӯҳи авиатсионӣ низ дар ин ҷо ҷойгир карда шавад. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *