Рубрики Хабарҳо

Раиси исломшинос ва картошкапарвари Лахш

Раиси ноҳияи Лахш Баротзода Файзулло Рачаб дар вақтҳои холигӣ аз идоракунии ноҳия ба картошкакорӣ ҳам мекунад. Корчаллонии раис боис шуда, ки бештарин даромад аз кишти картошкаро дошта бошад. Шояд дар ҳеҷ куҷои дунё картошка ба деҳқон ин қадар фоида наорад, ки ба раиси ноҳияи Лахш меорад. Ӯ бо камтарин харҷ бештарин ҳосилро ба даст меорад.  Шояд аз исломшиносӣ ба картошкашиносӣ гузаштани ӯ боиси бадастории ҳосили зиёди бидуни масраф гаштааст. 

Албатта ибораи “камтарин харҷ” каме воҳима аст. Воқеъият ин аст, ки ӯ бидуни харҷ аз заминҳояш баландтарин ҳосил, ҳадди ақал дар ноҳияро, мегирад. Ҳамчунин бо як “иқдоми инсондӯстона”-и Баротзода омӯзгорону хонандагони мактаб, коркунони давлатӣ ва ҳатто табибон дар заминҳои ӯ таҷрибаи картокашинонӣ, нигоҳубин ва ҷамъоварии онро меомӯзанд. 

Ҳоло мепардозем ба “таҷрибаи пешқадам”-и раис дар картошкакорӣ. Ӯ дар чанд хоҷагии деҳқонии ин ноҳия заминҳои картошкакорӣ дорад. Бинобар “мардумӣ” будани раису намунаи ибрат будани таҷрибаи деҳқониаш, хоҷагиҳо “ихтиёран” чанд гектар заминҳои беҳтарини худро дар ихтиёри ӯ гузоштаанд. То дур нарафта за таҷрибаи Баротзода баҳра гиранд. Дар ноҳия 9 хоҷагии деҳқонӣ мавҷуд аст ва дар бештари онҳо раис замин дорад. 

Ҳар хоҷагӣ дар баҳор “ихтиёран” ба раис якуним тонна картошкаи тухмӣ медиҳад. Аммо чун раис ба корҳои муҳими давлатӣ банд асту фурсати шинондани тухмӣ ба заминро надорад, омӯзгорону хонандагони 60 мактаби ноҳия ва кормандони 9 ҷамоъат “бо хоҳиши худашон” барои таҷрибаомӯзӣ ба заминҳои раис мераванд, то тухмиҳоро шинонанд. Табибони ноҳия ҳам, ки дар умрашон картошкашинониро надидаанд ва мехоҳанд барои кишти он дар заминҳои наздиҳавлигиашон таҷриба андӯзанд, “ихтиёрӣ”  беморонро раҳо карда, каланд дар китф ба заминҳои картошкаи “раиси меҳрубон” раҳсипор мешаванд.

Вақте картошкаҳои раис рӯиданду баланд шуданд, бояд аз алафҳои бегона тоза карда шаванд. Муаллимони фанни “Таълими меҳнат”-и 60 мактаби ноҳия хонандагони худро дар заминҳои раис таълими хишовакунӣ медиҳанд. Кормандони ҷамоъатҳо бошанд “ихтиёран” ба заминҳои раис мераванд то аз байни ниҳолҳои картошкаи ӯ барои гову гӯсфандонашон алаф чинанд. Гоҳе табибон ҳам ба каландзанӣ “ихтиёран” ҷалб мешаванд.

Мардуми меҳнатдӯсти ноҳия, бахусус муаллимону хонандаҳо, кормандони ҳукумату ҷамоъатҳо, табибон ва дигар идораҳои давлатӣ бо меҳнати зарбдори худ дар ҷамъоварии ҳосили картошкаи раис “бо майлу хоҳиши худ” иштирок намуда, дар баланд бардоштани сатҳи дониши худ дар ҷамъоварии картошка саъю кӯшиш ба харҷ медиҳанд. 

Охири моҳи декабри соли гузашта хоҷагиҳои ноҳия “ихтиёран” ба заминҳои раис 20 тон тухмӣ хариданд. Ҳар килои тухмӣ 4,5 сомонӣ қимат дошт. Аммо бинобар бемасъулиятии кадом корманди ҳукумат, картошкаҳои тухмии раисро хунук зад. Ҷамоъатҳо ба хулоса омаданд, ки бори дигар “ихтиёран” барои заминҳои Баротзода ҳар кадом 1,5 тоннагӣ тухмӣ бихаранд. Нархи тухмӣ 5 сомонӣ шуда буд, аммо ба чунин раиси меҳрубон, ки тамоми сокинони ноҳияро картошкакорӣ меомӯзонад, кӣ пулро дареғ доштааст? Боз дар ҳоле, ки лақаби раис Қории қуръонхон аст. 

Баротзода Файзулло Рачаб танҳо дар картошкакорӣ ҳунарманд нест. Ӯ яке аз беҳтарин роҳсозҳо дар кишвар мебошад. Барои роҳсозони ноҳияи Лахш ҳар сол аз буҷаи ҷумҳурӣ 1 миллион сомонӣ ҷудо мешавад. Раиси ноҳия бо ин пул дар компютераш даҳҳо километр роҳ месозад. Ҳоло тамоми корҳо онлайнӣ шудаанд, бигзор мардуми Лахш ҳам ҳаракат кардан дар роҳҳои компютерии раисро омӯзанд.

Додситониву Агентии зидди фасод фикр карданд, ки раис пулҳоро хӯрдааст ва барои тафтиш рафтанд. Аммо вақте роҳҳои дар компютер сохтаи раисро диданд, моту мабҳут шуданд. Раис барои ба худ овардани онҳо аз пулҳое, ки аз сохтмони роҳ сарфа карда буд, 150 ҳазорашро чун “ҳадяи мардуми саховатмони Лахш” ба онҳо дод ва масъала пурра ҳали худро пайдо кард. 

Аз буҷаи кишвар ҳамчунин барои хариди ангиштсанг ба мактабу беморхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ маблағ ҷудо мешавад. Баротзода бо ҷорӣ кардани технологияи нави сарфаи ангишт ба мактабҳо омӯзондааст, ки чӣ гуна ба ҷои як тон ангишт ним тон масраф кунанд. Ҳамчунин ӯ тавонистааст ангиштро на ба 1400 сомоние ки аз буҷа ҷудо мешавад, балки ба 800 сомонӣ як тоннаш харидорӣ кунад.  Ҳикмати ҳардуи ин сарфаи раис як посух дорад — вақте ба ҷои як тон ангиштсанг ним тон хокаи онро мехарӣ, ҳам нарх арзон мешавад, ҳам суръати сӯхтани ангишт камтар шуда, дар натиҷа ба ҷои як тон ним тон месӯзад. Чун суратҳисоби ҳукумати ноҳия чандон ҷои мутмаъине нест, раис пулҳои сарфашуда аз хариди ангиштро дар сандуқи хонааш нигоҳдорӣ мекунад. Албатто бо доллар, то бинобар поин рафтани қурби сомонӣ мардуми ноҳия зарар набинанд. 

Баротзода ҳамчунин дар интихоби кадрҳо ба вазифаҳои муҳим дар идораҳои ҳукумат аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Ӯ кадрҳоеро интихоб мекунад, ки шароити хуби зиндагӣ дошта бошанд, то бо моҳонаи ками давлат азоб накашанд. Барои мисол ӯ барои таъин намудани мудири маорифи ноҳия аз ӯ талаб намудааст, ки собит кунад зиндагии хуб дорад. Номзад ба мудирӣ 30 000 сомонии нақдро оварда, ба раис нишон дода, гуфтааст, ки ин пулҳо тамоман зиёдатианд ва ба ӯ лозим нестанд. Раис пулҳоро ба манфиати мардуми ноҳия мусодира карда, ба доллар баргардонда дар сандуқаш, назди пулҳои аз ангишт сарфашуда ва аз фурӯши картошка бадастомада гузоштааст. 

Ҳатто оне ки мехост муовинаш бошад ба Баротзода 5000 долларо оварда нишон додааст ва мисли мудири маориф гуфтааст, ки ба ӯ тамоман лозим нестанд. 

Раиси картошкакори ноҳияи Лахш хусусиятҳои намунавии зиёде дорад, ки намешавад дар як навишта ҷой дод. Оянда мо аз корнамоиҳои дигари ӯ низ хонандагонро огоҳ хоҳем кард. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *