Рубрики Хабарҳо

Ҳукумат ба воридкунандагони чорвои гӯштӣ ва тухмӣ имтиёз медиҳад

Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст барои поён бурдани қимати гӯшт ба воридкунандагони гӯшт ва навъҳои баланду хушсифати тухмӣ имтиёзҳо диҳад. Қарор аст аз аввали соли ҷорӣ ин имтиёзҳо роҳандозӣ шаванд.

Дар ин бора хабаргузории Азия Плюс бо истинод ба манбаъаш дар ҳукумат хабар медиҳад. “Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи аз 1-уми январи соли 2020 озод кардани пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ба воридоти навъҳои баланду хушсифати тухмӣ барои ҳама гуна хели зироатҳои кишоварзӣ қарор қабул кард”, – гуфтааст манбаъи ин хабаргузорӣ аз сохтори иқтисодии ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ҳамчунин ширкатҳое ба чунин имтиёзҳо соҳиб хоҳанд шуд  ба воридоти чорвои хушзот ва чорво барои гӯшт ба Тоҷикистон машғуланд,.

“Аз 1-уми январ воридоти ҳама гуна навъҳои хӯроки чорво аз пардохти ААИ ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд”, – қайд кард манбаъ.

Дар ҳамин ҳол коршиносон ба ин назаранд ин тадбирҳо таъсири чандоне ба нархи гӯшт нахоҳад дошт, чун мушкили асосии чорводорӣ дар кишвар инҳисори заминҳо аз тарафи гурӯҳи муайяни мансабдорон ва оилаи раисҷумҳур аст. 

Гуфтанист, аз нимаи соли равон нархи гӯшт, орд ва маснуоти ордӣ дар Тоҷикистон боло рафт.

Охири моҳи август, ки гӯшт 38-40 сомонӣ нарх дошт, айни замон бо арзиши 52-55 (65-75 сомонӣ гӯшти лаҳм) фурӯхта шуда, нархи як халта орд аз 170 сомонӣ ба 220 сомонӣ расид. Арзиши як литр шир дар Душанбе давоми ним сол 1,5 сомонӣ боло рафта, феълан 5 сомонист.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *