Рубрики Хабарҳо

Плюрализм —асоси  ҷомеъаи маданӣ (қисми аввал)

Ба таври нохудогоҳ бахше аз як гуфтугӯро шунидам, ки дар он фарде ба дигаре мегуфт: беҳтарин роҳи тавсифи плюрализм фаҳми он ба сифати як равиши зиндагӣ аст. Тавзеҳи фалсафаи воқеъии он душвор аст ба далели ин, ки мушкилфаҳм ва рамзгуна аст, аммо амалҳо ва оинҳои рӯзонаи пайрави он хуб вазъ гардидаанд. Дар назар «равиши зиндагӣ» ба маънии оинҳои рӯзона ва одатҳои маъмулӣ аст. Ба унвони касе, ки тамоми зиндагии худро дар канори муҳаққиқони мусалмон сипарӣ кардааст, шунидаам, ки истилоҳи «равиши зиндагӣ» бисёр вақт барои тавсифи Ислом ба кор бурда мешавад. Истилоҳе, ки ба таври мукаррар мавриди истифода қарор мегирад, иборат аст аз «равиши комили зиндагӣ». Он чӣ, ки таваҷҷуҳи маро ба худ ҷалб кард, сухани касе буд, ки бар сари мизи хӯроки шом кӯшиш мекард, ҳиндуисмро ба фарди дигаре тавзеҳ диҳад. Барои пайравони ҳар дине суннаташон «равиши зиндагӣ»-и онҳо аст. Натиҷаи мантиқӣ ва табии он ин эътиқод аст, ки барои ҳар мӯъмин суннати худи ӯ бартар аз дигар суннатҳо аст. Ин нуқта барои фаҳми мафҳуми плюрализми мазҳабӣ як амри меҳварӣ аст. Пайравони аксари динҳо илова бар ин бовар ба ҳаққонияти дини худ ба мафҳумҳои марказие мисли некӯкорӣ, майл ба истиқрори як ҷомеаи одилона ва ниёз ба иртибот бо Худои мутаъол низ бовар доранд. Баъзе динҳо чандон ба Худованд таваҷҷуҳ надоранд ва мумкин аст, мананди буддоиҳо ба Худованд бовар надошта бошанд, аммо баъзеи дигар мумкин аст, мӯътақид ба Худо бо лоадригарӣ (мубҳаму номафҳум) бошанд. Бо ин ҳол, бисёре аз боварҳои бунёдин дар бисёри суннатҳо монанди ҳам ҳастанд. Фаҳми ин майлҳо ва ниёзҳои муштарак барои ононе, ки дар ҷомеаҳои чандмазҳабӣ зиндагӣ мекунанд ва низ ононе, ки дар гуфтугӯи байни динҳо ширкат доранд, ошкор ва равшан аст. Қабули ин идея, ки ҳақиқатҳои зиёде дар бисёре аз динҳо ва суннатҳо вуҷуд доранд ва дини хоси ман як навъ манзилгаҳи маҳдуди тамоми ҳақиқатҳо нест, плюрализм аст. Тасоҳул (миёнаравӣ, осонгирӣ) асосан аз плюрализм фарқ дорад. Тасоҳул бар ин пешфарз устувор аст, ки пайравони суннатҳои дигар умдатан агар на комилан гумроҳ ва бинобар ин сазовори тараҳҳум ҳастанд. Тасоҳул усулан биношуда бар такаббур ва худбузургбинӣ аст. Аммо плюрализм аз дили тавозуъ ва безорӣ аз мавриди қазоват ва доварӣ қарор гирифтан баромадааст. Канор омадан бо мафҳуми плюрализм душвор аст. Агар вуҷуди ҳақиқатро дар динҳои гуногун бипазирем, дар он сурат, оё аз қуввати ҳақиқати худамон кам намекунем? Оё, воқеан, беш аз як ҳақиқат метавонад вуҷуд дошта бошад? Хушбахтона, Қуръон ва суннати Пайғамбар (с) барои мусалмонон дарки назар ва кори плюрализмро осон месозанд. Паёмбар (С) раҳбаре плюралист Яке аз фаслҳои китоби “Ҷанбаи ҳафтуми ҳаёти Пайғамбар (с)”, «Раҳбари плюралист» ном дорад. Нависанда мӯътақид аст, унвони раҳбари плюралист ба хотири навъи рафтори Пайғамбар (с) дар замоне ки идора ва раҳбарии шаҳри Ясрибро бар ӯҳда гирифт, комилан дуруст аст. Ясриб (ки баъдан, Мудинат-ун-набӣ ва ба таври кӯтоҳ Мадина номида шуд), дуввумин шаҳри калон дар шибҳи ҷазираи Арабистон, як шаҳри қадимӣ буд. Ҷамъияти он бештар аз ду қабилаи бузурги араб ва се қабилаи яҳудӣ, ки дар атрофи шаҳр зиндагӣ мекарданд, ташкил шуда буд. Ду қабилаи араб, ки баъдан, дар таърихи Ислом «ансор» хонда шуданд, қабилаҳои Авс ва Хазраҷ буданд. Ду қабилаи араб ва се қабилаи яҳудии Мадина дорои фарозу нишебиҳои зиёде буданд. Онҳо дар баъзе мавқеъҳо бо якдигар муттаҳид мешуданд, аммо дар бисёр мавқеъҳо дар адоват ва душманӣ ба сар мебурданд. Қабилаҳои Авс ва Хазраҷ бар асари ҷанги дохилӣ заиф гардида буданд ва ин кор сабаб шуда буд, то қабилаҳои яҳудӣ ба як гурӯҳи бартар табдил гарданд. Дар замони маносики ҳаҷ, ки як маросими пешоисломӣ аст, Пайғамбари Ислом (с) назди гурӯҳҳои қавмии мухталиф мерафт, то шахсан паёми дини навро ба онон бирасонад. Ба ҳамин тариқ, ӯ бо қабилаҳои Авс ва Хазраҷи Мадина иртибот барқарор кард. Арабҳои Мадина ба хотири мухолифат бо яҳудиҳо бо мафҳуми «ваҳдоният» ва «яктопарастӣ» ошно буданд. Илова бар ин аз он ҷо, ки қабилаҳои яҳудӣ зуҳури як наҷотдиҳандаро интизорӣ мекашиданд, мафҳуми пайғамбарӣ як мафҳуми бегона ва дур аз зеҳн набуд. Арабҳои Мадина таҳти таъсири шахсият ва паёми Пайғамбари Ислом (с) қарор гирифтанд. Ин тавр ба назар мерасад, ки онҳо фикр мекарданд, ки ӯ ҳамон наҷотдиҳандае аст, ки яҳудиёни Мадина бисёр аз ӯ сухан мегуфтанд. Онҳо мехостанд ин наҷотдиҳандаи ба қуввати ҳанӯз зуҳурнакарда на аз они қабилаҳои яҳудии рақиб, балки аз они худи онҳо бошад. Ба илова дар шароити он даврон онҳо хостори он буданд, ки ӯ шаҳри дар асари ҷагу кашмакаш пора-пораи Мадинаро ба унвони хирадманде, ки босадоқат, амонатдорӣ ва дурусткорӣ шуҳрат дорад ва дар ин ҷанги дохилӣ дорои ҳеҷ гуна манфиати ошкор ва равшане нест, раҳбарӣ намояд. Замоне ки қабилаҳои Мадина Пайғамбари Ислом(с)-ро даъват намуданд, то ба Мадина муҳоҷират намуда ва раҳбарии шаҳрро ба ӯҳда бигирад, ӯ (с) қабул кард. Ӯ ба маҳзи расидан ба Мадина тамоми гурӯҳҳоро гирди ҳам овард, то паймоне имзо намоянд, ки меъёрҳоеро барои плюрализм, тасоҳул ва ҳамкорӣ байни мазоҳиб ва гурӯҳҳои қавмии мухталиф муқаррар месохт, иқдоме, ки шояд дар навъи худ дар таърих барои аввлин бор сурат мегирифт. Ин санад маъмулан ба «Қонуни асосии Мадина» маъруф аст. Ин қонуни асосӣ бисёре аз усулеро, ки барои коркарди сулҳомези як ҷомеаи биношуда бар плюрализм зарур аст, дар ихтиёр мегузорад. Бар асоси он ҳама шаҳрвандон дорои ҳуқуқи баробар буда, ҳамзистии мазҳабҳои мухталиф дар ҷомеа пазирфта шудааст. Тамоми гурӯҳҳои мазҳабӣ, қавмӣ ва қабилаӣ аз ҳимоят, ҳуқуқ ва шаън ва мақоми яксон бархӯрдоранд. Онҳо бар асоси боварҳои хоси худ зиндагӣ менамоянд ва бар пояи қонунҳо ва аҳкоми худ мавриди доварӣ ва қазоват қарор мегиранд. Манбаъи илҳомбахши Пайғамбари Ислом (с) дар ин улгӯи плюралистӣ Қуръон буд, ки аз мусалмонон мехоҳад тамомии пайғамбарони пешинаро бе ин ки байни онҳо фарқ бигузоранд, тасдиқ намуда ва мавриди эҳтиром қарор диҳанд ва пайравонашонро гиромӣ бидоранд. «Расул ба он чӣ Худо бар ӯ нозил кард, имон оварда ва мӯъминон низ ҳама ба Худо ва фариштагони Худо ва китобҳо ва пайғамбарони Худо имон оварданд ва гуфтанд, мо миёни ҳеҷ як аз пайғамбарони Худо фарқ нагузорем» (сураи “Бақара”- 285). «Бигӯед, ки мо имон ба Худо овардаем ва ба он китобе, ки бар пайғамбари мо фиристоданд ва ба он чӣ бар пайғамбарони гузашта, мисли Иброҳим (а) ва Исмоил (а) ва Исҳоқ (а) ва Яъқуб (а) ва фарзандони ӯ Мӯсо (а) ва Исо (а) фиристоданд ва ба ҳама он чӣ бар пайғамбарон аз ҷониби Худо оварданд, миёни ҳеҷ як аз пайғамбарон фарқ нагузорем ва ба ҳар он чӣ аз ҷониби Худо аст, гаравида ва таслими фармони Ӯ ҳастем» (сураи “Бақара”- 136). Дар ин қонуни асосӣ шаҳри Мадина ҷои амне буд барои тамомии имзокунандагоне, ки нисбат ба якдигар вафодор мемонданд. Онҳо дар канори якдигар бояд дар муқобили ҳар гуна таҷовузи хориҷӣ муқовимат мекарданд. Иборати «вафодорӣ дар баробари амали хиёнатомез қарор дорад» борҳо дар матни қонуни асосӣ омадааст. Плюрализм дар ин қонуни асосӣ баробарӣ ва мусовотро барои гурӯҳҳои мухталиф дар назар мегирад ба ҷои ин, ки як гурӯҳӣ нухба як гурӯҳи зердасти дигарро маҳз аз рӯи меҳр ва муҳаббат таҳаммул намояд. Имрӯзҳо зарур ва лозим аст, «Қонуни асосии Мадина» -и Пайғамбари Ислом (с), ки улгуе аст барои барпоии як давлати плюралистӣ дар тамоми кишварҳои дорои аксарияти мусалмон мавриди мутолиа, таҳлил ва сармашқ қарор гирад. Плюрализм барои тамомии ҷомеаҳо як амри ҷавҳарӣ аст, ҳатто он гурӯҳ аз ҷомеаҳое, ки дорои як мазҳаби мусаллат ва ғолиб ҳастанд (плюрализми дарунмазҳабӣ). Таҳияи А. Хатлонӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *