Ангело Меркел аз адами тамоюли худ барои раёсати Ҳизби демократи масеҳии Олмон ва Садри аъзами ин кишвар хабар дод.
Ангело Меркел Садри аъзами Олмон тайи суханоне дар дафтари марказии Ҳизби демократи масеҳии ин кишвар эълом кард, ки моил ба идомаи маъмурият дар ин мансаб нест.
Вай афзуд: “ман масъули натоиҷи заифи ҳизб дар интихоботи маҷлиси аёлотӣ ҳастам. Кунгураи ҳизб моҳи декабр дар Гамбург баргузор хоҳад шуд, аммо қасди кондидотурӣ барои раёсати онро надорам. Дар интихоботи 2021 низ ва ҳамчунин маҷлиси федерал номзади садриаъзамӣ нахоҳам шуд.”
Меркел мутаваллиди 1954 дар Гамбург аст. Ў ҷавонӣ ва таҳсилотшро дар ин шаҳр гузаронд. Вай пас аз иттиҳоди ду Олмон вориди сиёсат ва соли 1990 намояндаи маҷлис аз ҳизби демократи масеҳӣ шуд. Ў соли 1991 аз тарафи Ҳелмут Коҳл, Садри аъзами собиқ ба унвони вазири занон ва ҷавонон интихоб ва сол 1994 низ вазири муҳит зист шуд.
Меркел бо сиёсати муҳоҷирдустонааш маҳбубияти қобили таваҷҷуҳ байни муҳоҷирон дорад.
Хонум Меркел аз соли 2000 то кунун риёсати Ҳизби демократи масеҳӣ будааст. Вай соли 2005 ба унвони аввалин зан дар таърихи Олмон Садри аъзами кишвараш шуд. Дар интихобот аёлотии дирӯз дар Олмон Ҳизби демократи масеҳӣ ба раҳбари Меркел бо коҳиши 11 дарсадии оро нисбат ба соли 2013 мувоҷиҳ ва боиси интиқодоти зиёде дар миёни ҳомиёнаш шуд.