Рубрики Хабарҳо

Эрон озмоиши воксини коруно дар инсонҳоро се ҳафтаи оянда шурӯъ мекунад

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз оғози озмоиши инсонии ваксинаи эронии корона дар се ҳафтаи оянда хабар дод.

Саид Намакӣ, вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар шасту ҳафтумин иҷлоси вазирони беҳдошти минтақаи баҳри Миёназамини шарқии Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ки ба сурати видеоконфронс баргузор шуд бо ишора ба натиҷаҳоимусбати озмоиши ҳайвонии ваксини коронаии тавлиди Эрон гуфт, ки ба зудӣ озмоиши ин ваксина рӯи намунаи инсонӣ ҳам оғоз мешавад .

Намакӣ афзуд : таҳримҳои Амрико  мушкилоти  зиёдеро барои таъмини доруҳои корона эҷод кард, ҳарчанд ин доруҳо ҳамакнун дар Эрон тавлид мешавад ва ҳафт  гурӯҳи таҳқиқотии Эронӣ ҳам рӯй тавлиди ваксинаи корона кор мекунанд .

Вазири беҳдошти Эрон ёдовар шуд, ки бархе кишварҳо, мушкилоти зиёде барои воридоти ваксини грипп барои Эрон эҷод карданд ва ба ҷуз  афзоиши қиммат, мамониатҳое барои воридоти ин ваксина вуҷуд дорад .

 Намакӣ ҳамчунин аз тамоми кишварҳои узви Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва сойири созмонҳои минтақа ва ҷаҳонӣ дархост кард бо ҳамкории ҳамаҷонибаи муассир, ба таҳримҳои ғайриқонунии якҷониба поён дода, итмоми куллии бемории ҳамагири Ковид — 19-ро тазмин кунанд .

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *