Сохти нахустин шаҳри шиновари ҷаҳон бо зарфияти 12 ҳазор нафар дар имтидоди соҳили Бусани Кореяи Ҷанубӣ рӯйи сатҳи Уқёнус дар ҳоли ниҳоӣ шудан аст.
Пружаи сохти ин шаҳри шиновар, ки тавассути барномаи сукунати башари Созмони милали муттаҳид пуштибонӣ мешавад ба унвони равиши ҷадид барои тавсеаи хонасозӣ ва пешгирӣ аз боло омадани оби сатҳи баҳрҳо анҷом мешавад.
Бинобар ба гузоришҳо, ин шаҳри шиновари муташаккил аз ҷазираҳои ба ҳам пайваста, ба Уқёнус мепайвандад ва дар баробари сел муқовим аст. Пойдеворҳои ин шаҳри шиновар бо як модаи сангоҳак ба номи бурок (biorock) пӯшонда мешаванд, ки сахттар аз бетон аст. Сакуҳо ибтидо дар хушки монтаж мешаванд ва сипас ба самти об ҳамл мешаванд.
Шаҳри бидуни мошин ва қатор
Ҳамчунин сохтмонҳои шаҳри шиновар, ки беш аз панҷ табақа нестанд аз маводи сабуквазн ва пойдор монанди чӯб ва бамбу сохта мешаванд. Ҳеҷ мошин ё қаторе дар ин шаҳри шиновар вуҷуд нахоҳад дошт ва сокинон ва боздидкунандагони он бо дучарха ё пиёда сафар мекунанд.
Ширкати Океаникс (Oceanix) аз сармоягузорон хостааст то барои сохти ин пружа сармоягузорӣ кунанд. Бар асоси баровардаҳои ин ширкат, 10 ҳазор доллар барои ҳар метри мураббаъ ниёз аст. Бинобарин сохти шаҳри шиновари 15.5 гектарӣ, 627 миллион доллар ҳазина хоҳад дошт.
Ширкати Oceanix дар ибтидо мафҳуми шаҳри шиноварро дар мизи гирди Созмони милал дар соли 2019 пешниҳод кард ва калоншаҳри Бусан мизбонии онро дар ноябри ҳамон сол имзо кард.
Маймуна Маҳди Шариф, мудири иҷрои барномаи сукунати башари Созмони милали муттаҳид рӯзи сешанбе гуфт, ки се соли пеш ҳама бо ин савол мувоҷеҳ буданд, ки чӣ замоне мумкин аст аз як шаҳри шиновар боздид ва меъмории инқилобии онро мушоҳида кард, муҳити зисти бидуни зуболаи онро таҷриба кард ва аз равиши ҷадид барои зиндагии пойдор бо табиат лаззат бурд, инак посухи ин саволро дорем.
Бярке Ингелс, меъмори аслии ин пружа гуфт, ки полтформҳои бештаре метавонанд дар оянда ба тарҳи кунунӣ изофа шаванд. Ў гуфт, ки тарроҳон ва созандагони шаҳри шиновар дар савоҳили Бусан бар ин назаранд, ки ин пружа метавонад маҳаллае шиновар бошад, ки бо гузашти замон рушд кунад.
Тарроҳони ин пружа умедворанд, ки ин шаҳри шиновар битавонад энерҷӣ, ғизо ва оби ширини мавриди ниёзи ҳама сокинони худро таъмин кунанд. Маҳфазаҳое, ки дар қисмати поёнии пойдеворҳои ин шаҳри шиновар насб шудаанд, имкони истифода аз гӯшти моҳӣ ё алафи баҳриро фароҳам мекунад.
Пешбинӣ мешавад, ки дар сурати муваффақиятомез будани ин пружа, намунаҳои мушобеҳи он дар Малдив, Дубай, Монако, Лаос, Рио-де-Жанейро, Майами ва Ню-Йорк сохта шаванд.
Пешбинӣ мешавад, ки пружаи сохти шаҳри шиновари Кореяи ҷанубӣ то соли 2025 ба поён бирасад.