Дар навиштаи қаблӣ ва аввал аз силсилаи “8 миллион ғулом” зикр шуда буд, ки бо вуҷуди комилан аз байн рафтани сохти ғуломдорӣ, он дар Тоҷикистон дар шакли дигар ва замонавие вуҷуд дорад, ки наздик ба 90 дарсади мардумро ба ғуломи ҳамешагии гурӯҳи ҳукмрон табдил додааст. Зикр шуда буд, вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон дар сатҳи замони ғуломдорист. Аксари мардум аз ғуломон ҳуқуқи бештар надоранд ва баръакс “хоҷагон” тамоми ҳуқуқҳоро доро мебошанд. Табақабандии мардум дар кишвар ҳам аз табақабандии замони ғуломдорӣ тақрибан ҳеҷ фарқе надорад: Хоҷагон, дастгоҳи истибдодиву хидматӣ ва ғуломон. Барои дарёфти шарҳи бештар хонанда метавонад ба муроҷиъат кунад.
Ҳоло мепардозем ба нишон додани далоили вуҷуди ғуломдорӣ дар кишвар. Мавзӯъи аввлаи ин бахш сарбозшикор ва ё “облава” аст.
Сарбозшикор далели равшани беҳуқуқии комили 8 миллион нафар аз 9 миллион аҳолии Тоҷикистон аст. Ҳеҷ ҷавони болиғи синнаш байни 18 ва 27-сола камтарин масунияте аз рабуда шудан ва зӯран, бо истифода аз таҳқиру латукӯб ба артиш бурда шуданро надорад. Мақомот метавонанд ҷавонро аз ҷои кораш, кӯчаву паскӯча ва ҳатто ҷогаҳи хобаш дастгир кунанду ба артиш баранд. Хонаводаи ҷавонон, яъне ҳамаи мардум ҳам ҳақи наҷот додани фарзандашон аз дасти одамрабоёнро надоранд. Дар сурати муқобилият ба одамрабоён ба онҳо зиндон таҳдид мекунад.
Бо вуҷуди ин ки одамрабоӣ, ворид шудан ба манзили шаҳрванд бидуни иҷозаи додгоҳ, латукӯбу таҳқир ва зӯраннигоҳ доштани шаҳрванд дар маконе бидуни қарори додгоҳ аз ҷиноятҳои вазнин дар қонунгузории Тоҷикистон маҳсуб мешавад, то ҳол ҳеҷ нафаре аз сарбозшикоркунҳо барои ин қонуншиканиҳо муҷозот нашудааст. Ин далели он аст, ки ин кор ғайрирасмӣ аз ҷониби раҳбарияти кишвар иҷоза дода шудааст ва ҳама ниҳодҳои интизомиву додгоҳӣ аз ба ҷавобгарӣ кашидани одамрабоён манъ карда шудаанд.
Сатҳи тасмим то ҳаде болост, ки ҳатто парлумон ҳақи дахолат ба ин масъаларо надорад. Барои мисол дар ҷаласаи парлумон санаи 20 апрел, ки бо ширкати муовини аввали вазири дифоъ баргузор шуд, Абдуҳалим Ғаффорзода, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва вакили парлумон Собирзода Эмомалӣ, муовини вазири дифоъи Тоҷикистон, пурсид, ки шумораи даъватшавандаҳо дар даъвати баҳории соли гузашта ва имсола чӣ қадар аст ва беш аз 11 млн сомоние, ки аз ҳисоби хизмати пулакии тирамоҳӣ ҷамъ шуд, ба кадом мақсад истифода мешавад?
Қабл аз посухи Собирзода, раиси парлумони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ду маротиба ба вакилон хитоб кард, ки “аз масъала, аз лоиҳаи қонун дур наравед”. Қаблан ҳам гоҳе бархе вакилон масъалаи сарбозшикорро мебардоштанд, аммо ё бо вокуниши тунди раҳбарияти парлумон мувоҷеҳ мешуданд ва ё дертар аз “боло” гӯшмол мехӯрданд. Бо вуҷуди ин ки расман парлумон як шохаи алоҳидаи ҳукумат буда, набояд тобеъи ҳеҷ шохаи дигаре бошад, ғайрирасмӣ ин ниҳод тобеъияти комил аз ҳукумати иҷроия, аниқтараш шахси раисҷумҳур дорад. Ҳамчунин аъзои хонаводаи раисҷумҳур, бахусус афроди таъсиргузоре аз Оила мисли Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори пойтахт ва раиси Маҷлиси Миллӣ (писари раисҷумҳур), Озода Раҳмон, раиси дастгоҳи раисҷумҳур (духтари раисҷумҳур), Шамсулло Соҳибов, домоди раисҷумҳур ва молики ширкати монополисти “Фароз” мустақиман метавонанд ба вакилон ва ҳатто раиси парлумон фармону супоришҳо диҳанд.
Афроди дигари ҳукумати иҷроия, сар аз сарвазир то вазирону раисони кумитаҳо ба истиснои раиси КДАМ Саймумин Ятимов ҳақи дахолати мустақим ба кори парлумонро надоранд. Пас метавон бо итминон гуфт, ки сарбозшикор сиёсат ё бизнеси хонаводагии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Бо дарназардошти ин ки дар ин бизнес садҳо миллион доллар гардиш мехӯрад, метавон бо итминон гуфт, ки он аз тарафи афроди Оила назорат мешавад ва қисмати аъзами пулҳо ба хонаводаи раисҷумҳур мерасад.
“Облава” ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистонро камтар аз ҳуқуқи ғуломон дар давраи ғуломдорӣ кардааст. Дар давраи ғуломдорӣ албатта ғуломонро бидуни хоҳиши худи онҳо ба артиш мебурданд, аммо истисноҳое ҷой доштанд, ки ҳеҷ кас ҳақи нодида гирифтани онро надошт. Барои мисол ғуломони косибе, ки ба касби барои ҷомеъа зарурӣ машғул буданд аз хизмат дар артиш ё ширкат дар ҷанг озод буданд. Ҳамчунин ҳеҷ кас ҳақ надошт ғуломи бемор ё маъюберо ба артиш барад. Ин кор дар ҳама даврон ҷиноят ва хиёнат ба ватан маҳсуб мешуд.
Дар Тоҷикистони “демкоратӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ” ҳеҷ истисное вуҷуд надорад. Барои мисол, қонун ҷалби муаллимон, донишҷӯён, ятимони кулл, фарзандони ягона, маъюбон ва ғайраро ба артиш манъ кардааст. Аммо ҳарсола даҳҳо мавриди рабуда ва ба артиш бурда шудани ин гурӯҳи ҷавонон расонаӣ мешаванд. Шумори ҳолатҳое, ки расонаӣ намешаванд шояд ба садҳо расад.
Барои ёфтани намуна дур рафтан шарт нест, ин гуна ҳолатҳо қариб ҳар ҳафта рух медиҳанд ва гоҳе расонаӣ мешаванд. Ин ҳам чанд мисол, ки дар як ҳафтаи охир ятими кулл ва донишҷӯро ба артиш бурданду латукӯбу шиканҷа намуданд:
Тибқи Радиои Озодӣ Шуъбаи корҳои дохилии Кӯлоб Саиданваршоҳ Эшонзодаи 25-сола, ки тибқи гуфтаи наздиконаш “ятими кул буда, дар тарбияи амакаш бузург шудааст» аз хонааш бо фиреб шикор карда ба аскарӣ фиристодаанд.
Пулис на танҳо бо ба артиш бурдани ятими кулл қонуншиканӣ кардааст. Шеваи боздошти ӯ низ ба як ҷинояти созмонёфта ба дастаҷамъӣ модда дорад. Ба гуфтаи ҳамсари Саиданваршоҳ — Шукронаи Саидаброр, «ду нафар дарро кӯфта, худро корманди идораи барқ муаррифӣ карданд. Дигарон аз пушти хона даромаданд. Шавҳарам мегуфт, кӯдакро метарсонед.»
Ҳамсояҳои ҷабрдида шоҳидӣ додаанд, ки чаҳор нафар Саиданваршоҳи Эшонзодаро аз болои девор ба кӯча бароварданд. Кенҷамоҳ Алишерова, ҳамсояи Саиданваршоҳ, гуфтааст, «дар сари девор буд ва аз бачаи ман хост, ҷони маро бихар. Бачаам гуфт, коре карда намешавад. Кашиданд, ғалтонданд ва аз сараш зер карда, ба мошини бе рақам бор карда бурданд.»
Рӯзи 23-уми апрел кормандони пулиси Вахш и 21-сола, донишҷӯи соли сеюми факултаи “Кимиё ва биология”-и Донишгоҳи ба номи Носири Хусрави шаҳри Бохтар боздошт карданд ва баъдан, бо иддаои ин ки ӯ аз донишгоҳ хориҷ шудааст, ба артиш фиристоданд. Наздиконаш аммо мегӯянд, ӯ аз донишгоҳ ихроҷ нашуда буд ва дар дарсҳо ширкат мекард. Як маъмури Донишгоҳи Бохтар ҳам бо шарти зикр нашудани номаш гуфтааст, ки сарфи назар аз таҳсили рӯзона донишҷуёнро “облава”мекунанд.
Одамрабоӣ ва фиристодани ба артиш онҳоеро, ки аз қонун ҷалбашонро манъ кардааст бо хушунат, зӯроварӣ ва таҳқиру латукӯб сурат мегирад. Яке аз донишҷӯёне, ки ҳамин гуна “облава” шудаву мавриди латукӯб ва таҳқиру тавҳин қарор гирифтааст, Заробиддини Исматулло, донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон аст. Дар ки худи ӯ ба рӯзноманигор ва блогер Далери Имомалӣ додааст, тамоми лаҳазоти латукӯб ва таҳқиру тавҳин шуданаш аз ҷониби кормнадони пулис ва комиссариати ҳарбӣ сабт гардидааст. Бо гумони ғолиб ин донишҷӯ ҳоло дар сафи артиш буд, агар узви гурӯҳи экстремистии зери назорати ВКД “Авангард” ва блогер набуд. Танҳо баъди ин ки маълум кардаанд Заробиддин узви “Авангард” ва блогер аст, раҳояш сохтаанд.
Бемасъулиятӣ ва қонуншиканиҳои саросарии мақомот ба фалокатҳои ҷуброннопазир ҳам оварда мерасонад. Қисме аз ҷавонон аз латукӯб, афтодан ҳангоми фирор аз “шикорчиҳо” ҷароҳатҳои вазнин мебардоранд, аммо ҳеҷ касе барои ин зарарҳои расонида ба саломатии инсон посухгӯ нест. Барои мисол ҳамон Саиданваршоҳи Эшонзода ҳамроҳ бо ду сарбози дигар зимни интиқол аз Кӯлоб ба Бохтар ҳамроҳи як корманди комиссариати ҳарбӣ ва ронанда дучори садама шуда, захмӣ гардидаанд. Вазъи Саиданваршоҳ «вазнин» арзёбӣ мешавад. Ӯ сахт осеб дидааст ва дар бемористони Қарияи Болои шаҳри Бохтар бистарӣ шудааст.
Ин се ҳодисаест, ки танҳо дар як ҳафта рух дода ва расонаӣ шудааст. Давоми ин ҳафта (аз 20 то 27 апрел) имкон дорад даҳҳо ва ё шояд садҳо чунин ҳаводис рух дода даҳҳо нафар ғайриқонунӣ ба артиш бурда шудаанд ё бо пардохти маблағҳои бузург раҳо гаштаанд. Мутаассифона қисмати бисёр ками ин гуна ҳаводис расонаӣ мешаванд ва ҷомеъа аз аксари ин гуна ҳолатҳо бехабар мемонад.
Дар ҳамин ҳол, бештари одамрабоиҳо дар рӯзи равшан ва пеши чашми ҷомеъа сурат мегирад. Даҳҳо нафар рабуда шудани як нафарро ва камтарин вокунише нишон намедиҳанд. Бузургтарин ҷуръати афроди ҷомеъа ин аст, ки сарбозшикорро ба навор мегиранд ва ба расонаҳо мефиристанд.
Вокуниши ҷомеъа ҳам фарқи зиёде аз вокуниши ғуломон дар замони ғуломдорӣ надорад. Он ҳамон ҳам ҳар гоҳ ғуломеро латукӯб ё шиканҷа мекарданд, ғуломони дигар танҳо бо таассуф наззора менамуданд.
На танҳо ҷавонони синни даъват, балки афроди дигари ҷомеъа ҳам ҳеҷ ҳақи эътирозе ба сарбозшикор надоранд. Фарзандро аз назди модар мерабоянд ва агар модараш муқобилият кард, бидуни ҳеҷ истиҳолае латукӯбаш мекунанд. Барои ин ҷиноят ҳам то ҳол ҳеҷ корманди мақомот ҷазо надидааст.