Раҳмон Урдуғонро ба Душанбе даъват кард
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои туркаш Туркия Раҷаб Тайиб Урдуғон дирӯз 4 май гуфтугӯи телевонӣ анҷом доданд. Раҳмон аз Урдуғон даъват кард бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд.
Тибқи иттилоъи Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон дар оғози суҳбати телефонӣ сарони ду кишвар якдигарро ба муносибати Иди саиди Фитр табрик гуфта, Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Туркия сулҳу некӯаҳволӣ, файзу баракот ва шукуфоии рӯзафзун орзу кардааст.
Ҳамчунин, дар ҷараёни суҳбат ҳамкориҳои гуногуни Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуда, ҷонибҳо қаноатмандии худро аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, арсаи амниятӣ ва бахшҳои дигар иброз доштаанд.
«Президентҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд», — менависад Хадамоти матбуот, вале ишора накардааст, ки кадом мавзуъҳои байналмилаливу мантақаӣ баррасӣ шудааст
Дар фарҷоми суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз Урдуғон хостааст барои «идомаи муколамаи доимии сатҳи олӣ ва баланд барои бо муҳтавои нави амалӣ ғанӣ гардонидани тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба» аз Тоҷикистон боздиди расмӣ кунад
Мувофиқа ҳосил шудааст, ки муҳлатҳои мушаххаси ин сафар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳанд шуд.