Вакили Думаи давлатии Русия Султон Ҳамзаев пешниҳод кардааст нос ба рӯйхати маводи мухадддир ворид карда шавад. Ӯ гуфтааст ин маводи хатарноки дорои никотин, ки ҳоло бо суръат байни мактабхонҳову донишҷӯёни рус паҳн мешавад, ба мӯътодӣ ва ҳатто марг мерасонад.
Тибқи иттилоъи Ҳамзаев аллакай ба вазири корҳои дохилии Русия Владимир Колоколтсев бо чунин дархост нома ирсол кардааст.
“Вазорати корҳои дохила бояд дастандаркори ворид кардани нос ба рӯйхати маводи мухаддири мамнӯъ дар Русия бошад, навиштааст вакили парлумони Русия дар номааш.
Қаблан гузориш шуда буд, ки курсантҳои донишкадаи Суворов дар Уляновск эҳтимолан аз эстеъмоли нос ба эхинококкоз гирифтор шудаанд. Бархе аз манобеъи расонаҳо аз тафтишот моил ба ин эҳтимол будаанд.
Волидони донишомӯзон аммо ин эҳтимолро рад мекунанд ва ба ин назаранд, ки сирояти донишомӯзон аз хӯрокворӣ ё об будааст. Вале устондори вилояти Уляновск эҳтимоли сироят аз хӯрок ё обро рад кардааст. Ӯ аз “изи саг” мегӯяд.