Тоҷикистон метавонад ба содиркунандаи мева табдил шавад?
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ қасд доранд, корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ таъсис диҳанд. Содироти меваву сабзавот аз орзуи ҳамешагии мақомоти Тоҷикистон аст ва даҳсолаҳост, ки дар ин бора мегӯянд. Аммо коршиносон ба ин назаранд, ки Тоҷикистон ба ин зудиҳо наметавонад ба содиркунандаи меваву сабзавот табдил шавад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд рӯзҳои наздик миёни вазоратҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бораи таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ созишнома ва ёддошт ба имзо мерасад.
Ба иттилои АМИТ «Ховар», дар ин бора дирӯз зимни мулоқоти вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Каримзода бо сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдурраҳмон ал-Ришайдон гуфтушунид шудааст.
Гуфта шуд, ки созишнома ва меморандум дар бораи таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар доираи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ ба имзо расонида мешаванд.
Аз ҷумла, бунёди корхонаи истеҳсоли афшураи мева ва хушк бо содироти минбаъдаи маҳсулот ба Арабистони Саудӣ, бунёди гармхонаҳо, анборҳо ва сардхонаҳо барои нигоҳдории меваҳо ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ дар назар аст.
Ба ин монанд созишномаҳо борҳо имзо шудаанд, аммо ҳамеша рӯи қоғаз мемонанд. Коршиносон мегӯянд Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бозори дохилиро наметавонад бо меваву сабзавоти ватанӣ таъмин кунад, чи расад ба содирот.
Коргиноси иқтисодӣ Абдуманнон Шералиев менависад содироти меваву сабзавот дар ҳоли ҳозир имкон надорад:
“Тоҷикистон наметавонад дар сатҳе, ки онро расман содирот номидан мумкин бошад, меваву сабзавот содир кунад. Чун дар он ҳаҷм маҳсулот надорад. Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бо ягон намуди мева талаботи дохилиро таъмин карда наметавонад. Агар метавонист нархи ақалан як мева барои кулли мардум дастрас мебуд.
Намешавад бо ду-се боғи ангури мӯйсафеди регариву як-ду боғи себи деҳқони ғармӣ дар бораи содирот ҳарф зад. Меваҳои истеҳсолкардаи онҳо барои таъмини як супермаркети масалан «Пятерочка» дар як шаҳраки кӯчаки дурафтодаи Русия намерасад”.
Ба гуфтаи ӯ содироти меваву сабзавоти тару тоза аз Тоҷикистон орзуе аст, ки ҳатто дар даҳ сол шурӯъаш бисёр мушкил аст:
“Барои он ки кишвар ба содиркунандаи кӯчаки меваву сабзавот табдил шавад, ҳади ақал 20 сол лозим аст. Барои табдил шудан ба содиркунандаи сатҳи миёна 40-50 сол.
Барои ин кор бояд садҳо ҳазор гектар боғ, ҳазорҳо анбору садҳо корхонаҳои коркарди меваву сабзавот бунёд шуда, имконоти лоҷистикӣ ва даҳҳо шароити дигар мҳайё карда шаванд ва ин кор замон, милионҳо доллар сармоягузорӣ, имконот, мутахассис ва билохира хоҳишу тасмим мехоҳад”.
Ба имкони ҳамкории Тоҷикистону Саудӣ дар коркарду содироти мева ҳам Шералиев бо шубҳа менигарад. Дар посух ба суоли Паём дар ин бора ӯ гуфт:
“Шояд дар сатҳи бисёр хурд, ки масалан камтар аз 1 дарсади талаботи Саудӣ ба кадом намуди меваро таъмин карда тавонад, ин кор имконпазир бошад. Албатта таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ хуб аст, аммо ин корхонаҳо барои коркард бояд маҳсулот пайдо кунанд. Барои он ки он маҳсулот таъмин шавад, боз ҳам ниёз ба бунёди боғу полез пайдо мегардад”.