Сухангӯи Толибон дар нахустин рӯзи нишасте, ки бо унвони “гирдиҳамоии бузурги уламои (рӯҳониён) Афғонистон” бо ширкати чеҳраҳои мазҳабӣ ва қавмӣ баргузор шуда гуфт, ки ҳукумати Толибон ба пешниҳодҳои ширкаткунандагони ин нишаст гӯш дода ва онро амалӣ хоҳад кард.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид ва ду сухангӯи дигари Толибон соате пас аз оғози баргузории ин гирдиҳамоӣ дар як нишасти хабарӣ ҳузур пайдо карданд ва ба саволҳои хабарнигорон посух доданд.
Муҷоҳид таъкид кард, ки ин нишаст аз сӯйи ҳукумат на, балки бо мудирият ва пешниҳоди рӯҳониён баргузор шудааст, ки дар поёни он пешниҳодҳо ва машваратҳои ба ҳукумат хоҳанд дод.
Тирандозӣ дар атрофи маҳалли баргузорӣ
Ин нишасти се рӯза дар маҳаллӣ мавсум ба ”хаймаи Луи Ҷирга” дар Кобул таҳти тадобири шадиди амниятӣ баргузор шудааст.
Алорағми он дирӯз (панҷшанбе) садои тирандозӣ дар атрофи маҳалли баргузории он шунида шуд. Яке аз мақомҳои Толибон дар мусоҳибае бо телевизиони давлатӣ гуфт ду нафар, ки ба тирандозӣ пардохта буданд аз сӯи нерӯҳои Толибон кушта шуданд.
Муҷоҳид аммо гуфт, ки нерӯҳои Толибон ба маҳалли машкуке “дертар аз маҳалли баргузорӣ” шиллик карданд ва дар он ҷо норинҷаке аз сӯи фарде партоб шуда буд ва “нигаронии дигаре вуҷуд надорад”.
Аммо “Ҷабҳаи миллии озодагон” , ки мухолифи Толибон аст дар баёнияи кӯтоҳ гуфта, ки нерӯҳои вижаи ин ҷабҳа “ба ҳадафи аз байн бурдан”-и Толибон ба онҳо ҳамла кардаанд. Ҷузъиёти бештаре аммо дар мавриди ин ҳамла эҳтимоле мунташир нашудааст.
Сухангӯи Толибон гуфт, ки ҳудуди 12 ҳазор нерӯ дар Кобул ва атрофи баргузорӣ барои таъмини амнияти ин нишаст муқаррар шудаанд.
Ба гузориши хабаргузории давлатии Бохтар, ки дар контроли Толибон аст, раёсати ин нишастро Ҳабибуллоҳ Ҳаққонӣ ба ӯҳда дорад ва ин нишаст бо суханронии Муҳаммад Ҳасан Охунд, сарвазири ҳукумати Толибон оғоз шуд.
Ӯ дар ин нишаст гуфт: “онҳое, ки дар бист соли гузашта мардуми моро табоҳ карданд, ватани моро вайрон карданд ва акнун рафтанд, ҳеҷ мушкиле ҳам аз ҷониби мо мутаваҷҷеҳи онҳо нест, аммо боз ҳам миллати моро озор медиҳад.”
Ин гирдиҳамоӣ ба сурати савтӣ мунташир мешавад, аммо ба расонаҳо иҷозаи интишори тасвири ҷараёни ин нишаст дода нашудааст.
Мавзӯъи бозкушоии дабиристонҳои духтарона
Мавзӯъҳои мухталифи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар дастури кори ин иҷлос қарор дорад аммо мушаххас нест, ки тасмиме дар бораи мавзӯъи ҳассоси бозкушоии мадориси мутавасситаи духтарон низ гирифта хоҳад шуд ё на. Зоҳиран раҳбарони Толибон бар сар ин мавзеъ иттифоқи назар надоранд.
Бино ба ба гузоришҳо, дасти кам яке аз чеҳраҳои мазҳабӣ хостори бозкушоии дабиристонҳои духтарона дар ин нишаст шудааст.
Муҷоҳид дар посух ба саволоти хабарнигорон дар ин маврид гуфт, ки дар мавриди баҳси омӯзиши духтарон ҳам агар пешниҳоде аз сӯи рӯҳониён матраҳ шавад, ҳукумати Толибон онро “то ҳадди мумкин” дар назар хоҳад гирифт.
Ӯ ҳамчунин изофа кард, ки дидгоҳи рӯҳониён барои ҳокимияти Толибон бисёр аҳамият дорад ва дар мавриди ҳассос бо эҳтиёт бархурд мекунад.
Муҷоҳид дар бораи наҳваи интихоби ширкаткунандагони ин нишаст гуфт, ки аз ҳар вулусволӣ хоста шуда буд, ки мардум се нафар (ду чеҳраи руҳонӣ ва як бузурги қавмӣ)-ро муаррифӣ кунад. Ҳамчунин аз ҳар ноҳияи шаҳр ҳам се нафар (ду намоянда ва як рӯҳонӣ) “ба пешниҳоди мардум” интихоб шудаанд.
Ӯ гуфт ин гирдиҳамоӣ се рӯз идома хоҳад дошт ва дар рӯз дувум кумитаҳои (чаҳор кумита хоҳад шуд ва дар рӯзи севум қатъномае бо пешниҳодот аз сӯи ин кумитаҳо ба ҳукумат толибон ироа хоҳад шуд.
Муҷоҳид дар посух ба савол дар бораи эҳтимоли ҳузури Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари Толибон гуфт дар ин маврид наметавонд ба вузӯъ чизе матраҳ кунад ва “мумкин аст дар ин нишаст ширкат кунад, ки ҷузъиёт баъдан эълом хоҳад шуд.”
Ӯ дар посух ба саволи яке аз хабарнигорон, ки пурсид чаро чеҳраҳои сиёсӣ мисли Ҳомид Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар ин нишаст ширкат надоранд гуфт: «навоҳӣ ва вулусволиҳо намояндагони худро муаррифӣ карданд агар ин ашхосро ҳам муаррифӣ мекарданд мо мухолифате надоштем.”
Муҷоҳид ҳамчунин гуфт, ки меъёри интихоби ширкаткунандагон қавмияти онҳо набудааст.
Сухангӯи Толибон дар посух ба мунтақидон, ки гуфтаанд ин як нишасти намоишӣ барои касби машрӯъият аст, гуфт: “мо ба ҳаракатҳои намоишӣ бовар надорем.”
Аз ҳеҷ зане барои ҳузур дар ин нишаст даъват ба амал наомадааст ва муовини нахуствазири давлати Толибон гуфтааст, ки мардон намояндагии занонро ҳам бар ӯҳда доранд.
“Мухолифон бояд саркӯб шаванд”
Бархе аз чеҳраҳои тундрави мазҳабӣ ҳам аз ширкаткунандагони ин нишаст ҳастанд.
Аз ҷумла Муҷибур-раҳмон Ансорӣ, рӯҳонии маъруф аз вилояти Ҳирот, ки дар суханрони худ гуфт мухолифони низоми исломӣ ва касоне, ки дар муқобили ин низом “кӯчактарин ҳаракат анҷом бидиҳанд” бояд саркӯб шаванд. Ў гуфт: “бояд маҷмӯъи уламои сартосари тамоми Афғонистон ба ин фатво ҳама бояд садо баланд кунанд, касе, ки дар муқобили ҳукумати исломии мо қад алам мекунад бояд сар зада шавад ва аз байн биравад.”
Умаруллоҳ Солеҳ, муовини раисҷмҳури пешини Афғонистон дар вокуниш ба ин изҳорот дар твитте гуфтааст:
“Ин як мавриди роҳҳали пешниҳодии матраҳшуда дар Ҷиргаи Толибон аст. Агар занон тавассути онҳо ба унвони инсон муҳосиба шавад, чиҳил миллион сар (барои буридан) мешавад.”
Аммо Муҷоҳид дар посух ба саволе дар ин маврид гуфт ин изҳоротро нашунидааст, аммо назари ҳукумати Толибон чунин нест ва “ин як назари шахсӣ” аст.
Абдулҳаким Ҳаққонӣ, қозиюлқуззот ва раиси Додгоҳи олии Толибон дар ин нишаст низ гуфт, ки аз тариқи минбарҳо ва мадорис бояд мардум иттилоъ дода шавад, ки “мухолифат бо низоми исломӣ як амали нораво аст ва бояд аз он худдорӣ кунанд.”
Ӯ ҳамчунин изофа кард: “олимони дин ва бузургони ақвом ҳар як дар ҷомеъа масъулият доранд, бинобарин ба манзури ислоҳ, ҳали мушкилот ва масоили дигар уламо ва бузургон бояд мутаваҷҷеҳи масъулияташон бошанд.»
Муҷоҳид дар нишасти хабарӣ вақте пурсида шуд, ки оё Толибон дар назар доранд, сохтори ҳукуматро аз давлати Эрон копибардорӣ кунанд, гуфт: “ҳар кишвар ва миллат манофеъи улё ва низоми худро дорад; Афғонистон ҳеҷ ниёзе ба копияи низоми кишвари дигаре надорад, балки низоми кунунии кишвар бар асоси хост ва машвараҳои солим ва созандаи афғонҳо ба миён омадааст.”
Рӯз чаҳоршанбе телевизиони давлатии Афғонистон таҳти контроли Толибон видеое аз Абдулғанӣ Бародар,муовини нахуствазири Толибонро ҳангоми дидораш аз маҳалли баргузории ин гирдиҳамоӣ дар хаймаи Луи Ҷирга дар Кобул мунташир кард, ки ӯро дар миёни ширкаткунандагони ин нишаст нишон медод.
Толибон гуфтаанд дар ин нишаст ҳудуди се ҳазор ширкаткунанда аз саросари Афғонистон даъват шудаанд.
Абдусалом Ҳанафӣ, муовини дувум нахуствазири ҳукумати сарпарасти Толибон дар як гуфтугӯ бо Телевизион миллӣ гуфтааст, ки аз ақшори мухталиф дар нишаст олимони дин даъват шудааст, ки ба қавл вай дидгоҳҳои мухталиферо барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва субот дар Афғонистон иброз хоҳанд кард.
Дар атрофи хаймаи Луи Ҷирга то фосилаҳои зиёд тадобири шадиди амниятӣ гирифта шуда ва ба худравҳо ва пиёдаравҳо иҷозаи убур ва мурур дода намешавад.
Вокуниши мухолифон
Шуморе аз ҷараёнҳои сиёсии Афғонистон аз ҷумла Шӯрои олии муқовамат ва Ҳизби ҷамъияти исломии Афғонистон ба раҳбарии Салоҳуддин Раббонӣ, бо баргузории ин нишаст мухолифат карда ва гуфтаанд, ки ҳукумати Толибон бо роҳандозии ин нишаст ба думболи касби машрӯъияти дохилианд то заминаи шиносоии онҳоро дар сатҳи байналмилалӣ фароҳам кунад.