Рубрики Хабарҳо

Рӯзи мавлуди Шоир (гуфтугӯ бо “пешвои миллат”)

Салом, Эмомалӣ Шарипович!

Боз “Шарипович”-ат хитоб мекунам. Чи тавре ҳоло ҳам Путину Мирзиёев мурочиатат мекунанд. Ҳарчанд номатро аз шармандагӣ иваз кардӣ. Бале, аз шармандагӣ! Ва ҳеҷ аз рӯи ифтихори миллӣ доштанат не! Чун “Шарип” гуфтанӣ падаре надорӣ, ки номашро отчество карда бошӣ. Ба хотир биёр, ки ин отчестворо бароят Елсин — президенти собиқи Русия монда буд. Вақте соли 1992 ҳамроҳи Сангак Сафарови “худо”-ят ва Ислом Каримови “падархонд”-ат (бо лафзи худат “Отамиз”) барои дуъояшро гирифтану сардори Тоҷикистон шуданат рафта будӣ. Чун вобастааш будӣ, ӯ сахт мехост, ки монанди худаш отчество дошта бошӣ. Ва чун талаффуз кардани “Рахмонович” барояш душвор буд, танҳо ба отчествои “Шарипович” розӣ шуд. Ва ту қабул кардӣ. Он қадар гуруснаву ташнаи вазифа будӣ, ки агар ҳар номи дигарат ҳам медод, бе ягон дудилагӣ розӣ мешудӣ. Ана ҳамин аст, таърихчаи унвони “Эмомалӣ Шарипович”. Инро мардум медонанд!

Ту медонӣ, ки имрӯз рӯзи мавлуди кист? Албатта намедонӣ! Охир хотираат ҳам аз пурхӯрӣ равған гирифтааст. Ба сарбории ҳамаи ин боз склерози пирӣ. Шояд рӯзи мавлуди фарзандони бешуморатро ҳам ба хотир оварда натавонӣ. Онро одатан келини калониам Азизмоҳ ва ё келинҳои дигарам ба ёдат меоранд то ин ки дар “ден рождания”-и ин шоҳзодаҳо барояшон ягон мошини қиматбаҳо, ягон дача, ягон бозор ва ё ягон корхонаи дигари пулзояк тӯҳфа кунӣ. Зеро ин аждаҳобачаҳои бешумори китфони заҳҳокии ту калон шудаанду дигар ба чизи кам қаноат намекунанд. Куҷо монад ба рӯзи мавлуди як шоири ғариб!

Ба хотират биёрам, ки имрӯз солрӯзи Сиёвуш Ҷунайдӣ аст. Шоири гавҳарсухани тоҷик. Шоире, ки суханаш аз килограмҳои тиллои сурхи дар сандуқҳо пинҳонкардаи ту вазни бештаре дорад. Шоире, ки аз ин навъаш дар дарборат надорӣ ва дошта ҳам наметавонӣ. Зеро ӯ ҳеҷ гоҳ тамаллуқкор набуд ва бар ситоиши ту хушомадномае нахоҳад навишт. Ӯ шоирест, ки аз хории мардумаш дилаш фишурда мешавад. Шоирест, ки аз парешонии мардумаш мегӯяд ва сабти навори чашмони ҳамабинаш аз саргардонии кӯдакони бегуноҳи тоҷик дар солҳои ҷанги бародаркуш ҳеҷ тоза намегардад. Ва ҳоло ҳам мегӯяду месӯзад, мегӯяду мегиряд. 

Шоире, ки чун шоирону олимону эҷодкорони дигари нодӯстдорами ту Барзу Абдураззоқов, Сафар Абдуллоҳ, Исфандиёри Назар, Зафари Сӯфӣ ва бисёриҳои дигар чандин сол аст дар хориҷа ба сар мебарад. Берун аз Тоҷикистон аст вале бо ёди ин ватан. Ва ҳар як шеъраш аз ватан асту ҳатто анори ватанашро дар ғурбат шинохтаву азаш фахр мекунад. Сиёвуш барои ин ватан месӯзаду эҷод мекунад. Орзӯ дорад Тоҷикистонро аз чанголи гургонаи гурӯҳе мансабталош ва ғоратгару қотил озод бубинад. Ҳама гуноҳаш ҳамин аст, ки рӯзи мавлудашро ба ёд ҳам намеорӣ.     

Шоире, ки имрӯз 57-солагиро пур кард ва нисфе аз ин умри ширинро дар ғурбат сипарӣ кард. Шоире, ки аз ҳақиқат сухан гуфт ва барои ту мадҳия насуруд. Шоире, ки виҷдонашро барои як бурда нони дарбори ту олудаи чоплусӣ накард. Шоире, ки Тоҷикистонро на аз барои кони тиллои Шуғноваш, на барои бозорҳои сердаромадаш ва бизнесҳои равғаниаш, балки барои зодгоҳ буданаш, бароии зулолии оби чашмаҳои мусаффояш, барои дилкушодиву соддагии мардумонаш ва барои дар такяи сафедоронаш дам гирифтан дӯст медорад. 

Сиёвуш мегӯяд:

Рӯшание нест дар ин роҳ ҷуз сӯ-сӯи сарди кирми шабтобе,

Омадам, эй дӯст, дар бикшой!

Домани ин боғро поку мутаҳҳар кун!

Баҳри поси омаданҳоям бапо як Субҳи Маҳшар кун!

Ман Қиёмат мерасам оре,

Ман Қиёмат мерасам дар фарвадини нур,

Субҳро бедор кун аз хоби ғафлатбор,

Хез, дар сарчашмаи Хуршед татҳиру таҳорат кун,

Омаданҳои маро Субҳи Қиёмат кун!

Магар чизе фаҳмидӣ? Не, албатта! Шояд барои кӯмак олими забоншиносат, устоди донишгоҳат Саъдии Маҳдӣ, як эронситезу дӯстдори алифбои кириллиро даъват мекунӣ, ки ҳатто бо забони адабӣ бемалол ҳарф зада наметавонад? Ин шеъри фаҳши Саидалӣ Вализода ва ё суруди фачи Бобои Файз “Очата бугу” нест, ки бетарҷума даррав “бифаҳми”-ашу бо тасаввуроти шаҳватпарастонаат аз ханда суст ва аз ғояти ҳаяҷон суп-сурх шавӣ. Ин ҷо дарди дили шоир аз парокандагӣ ва бераҳмӣ миёни бародарон, яъне ҳамватанон аст, ки яке дигареро душман номидаву дари ватанро ба рӯи бародари худ мебандад. Вақте ту ҳамчун роҳбари расмии ин кишвар дарди шоиронеро чун Сиявуш Ҷунайдӣ намефаҳмӣ ва ё фаҳмидан намехоҳӣ, вой бар ҳоли ин мардум! Дардашонро ба кӣ гӯянд? 

Барои чунин беэътиноият бигӯям, ки селхозинститутро бо баҳои се хатм кардиву камсаводӣ, ин баҳона намешавад. Бигӯям, ки ҳунарат танҳо аз ҳамдигар фарқ кардани навъҳои гӯсфандон аст, боз ҳам баҳона намешавад. Шоҳид будам ва ҳатто шарм доштам, ки ҳангоми сӯҳбати онлайнии телевизионӣ бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ бо ифтихор мегуфтӣ: ”Дар ин ҷо зардолуҳо аллакай гул кардаанд!”. Гӯё ту онҳоро ба гулкунӣ водор карда бошиву аз Афғонистон дар ин маврид пешқадамтарӣ. Гӯё ин саҳми бевоситаи туст, ки дарахтон дар фасли баҳор гул мекунанд. Ё ин ки вазифаат пешгӯии обу ҳаво ва ё сарварони хамсоякишварҳо аз гулкунии меваҳо хабар додан бошад. Не, вазифаи ту хеле ҷиддитар аз ин аст. Бояд ин мардумро сарҷамъ кунӣ! На ин ки парешонашон куниву боз таъна ҳам занӣ “беватанҳо!” ва “хоинҳо!”.        

Албатта ту бо он саводи чалаат ба ин нолаи шоир никак сарфаҳм намеравӣ. Ба ту адибоне чун Саттор Турсун лозиманд, ки бо ишора ба бузургиат бинависанд: “Он қадар фавқулодда аст, ки ҳатто нохунҳояш гулобиянд!”. Гӯё ман бо ту чандин бор салом накарда бошаму дастони хурду мулоимхунуки офтобнадидаатро аз пеш надида бошам!. Ё сенариянависе чун Абдураҳмон Абдуманнонов, ки тасвир кунад: “Вақте Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 дар Қасри Арбоб вазифаи Раиси Шӯрои Олиро бар дӯш мегирифт, малоикаҳо фаромада аз китфонаш зиёрат карданд”, яъне ки ту гӯё назаркардае бошӣ. Ва ё олимоне чун Абдулло Раҳнамо, ки ба чашми таъриху ҳақиқат бешармона туф кардаву пас аз 28 соли идоракунии бераҳмонаи ту ба маснади нафари дуввуми Тоҷикистон расидани писари бетаҷрибаат Рустами Эмомалиро “нишонаи устувории системаи идоракунӣ дар кишвар” хонанд.  

Вой бар ҳоли ин кишвар бо чунин “сарвари оқил”-аш, ки дар ҳама муддати 28 соли роҳбарии ӯ сели мардумаш ба хориҷ ҳеҷ не ки қатъ гардад! Ҳазорҳо ҷавонони боқуввату болаёқаташ, олимони камназираш барои пайдо кардани ҷои кори мувофиқ тарки ватан мекунанд. Садҳо журналистону ҳуқуқшиносҳои ҳақгӯяш аз тарси ба ҳабсхонаҳои “ҷаноб”-ашон наафтидан ба хориҷа фирор мекунанд. Даҳҳо шоирони миллатдӯсташ барои он ки “ӯ”-ро таъриф намекунанду ғами халқашонро мехӯранд, зери фишоранду аз ғурбат истода нобасомониҳоро дар ватанашон бо хуни дил назорат мекунанд. Миллионҳо мардум аз тарси амниятиҳои “пешво”-яшон аз зиндагии тоқатфарсои худ ба ҷое шикоят намебаранд. Ту Тоҷикистонро ба як таҳдидхонаи калон табдил додаӣ, ки ду тараф дорад: муҳофизони ту (милисаву амнияту армияву суду прокурор) ва мардуми гумонбаршаванда ба ҳама намуди қонунвайронкунӣ. Ҳар норозигии раъиятатро “кӯшиши ғайриқонунӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ” унвон мекунӣ. Магар 28 сол сари қудрат мондани як нафар дар як кишвари демократӣ амали қонунӣ аст? Ин шаҳодати аёнест, ки имконат намедиҳад бо кадом роҳе худро сафед кунӣ.   

Ту Тоҷикистонро имрӯз амалан ғасб ва худатро соҳиби мутлақи ин кишвар эълон кардаӣ. Танҳо ба қисматҳои зерини шаҳрвандон иҷозаи бемамониати истиқоматро дар ватани худашон (хонда шавад “акнун заминҳои хусусии Раҳмони Зард, падарат”) медиҳӣ: шоирону нависандагони маддоҳ, олимони беамал, журналистҳои бепринсип, ҷавонони аз ҳама чи розӣ, муаллимони натиҷаҳои интихоботро тақаллубкунанда, духтурони бевиҷдон, вазифадорони дузд ва бепӯстирӯ ва халқи сархам.  Дигар ҳар нафаре, ки хуни миллӣ ва шарафи инсонӣ дорад, касе, ки ҳуқуқҳояшро талаб мекунад, ҳар касе аз ҳукумати тоталитариат норозӣ аст, аз номи худат бо ҷурмҳои иғвогару эктремист, наҳзативу салафӣ ва бо ҳар ҷурми дигаре муттаҳамашон мекунӣ.      

Вақте яке аз шоирони сермаҳсули Тоҷикистон Исфандиёри Назар дар Фейсбук мегӯяд “Тоҷикистон амалан истиқлолият надорад”, тамоми фермаи ҷавобат дарҳол ба ӯ дармеафтанду бо ҳар навъе таҳқираш мекунанд. Вақте Барзу Абдураззоқов мегӯяд “Дар Тоҷикистон эҷодкорон озод нестанд”, дигар фазояшро танг мекунӣ то дар ватани худаш кор карда натавонад. Шояд барои туву косалесонат шоирони бузурги муосире чун Сиявуш Ҷунайдиву Исфандиёри Назар, олимоне чун Сафар Абдуллоҳ, журналистони фаъоле чун Зафари Сӯфӣ ва режиссёри сатҳи ҷаҳоние чун Барзу Абдураззоқов лозим набошанд. Зеро ҳақиқатро мегӯянд. Зеро туро таъриф намекунанд. Қошонатро думби мор тасвир кардаву худатро наҷотбахши сайёра (?!) эълон намекунад. Айб аст вақте президенти Тоҷикистон шоири бузургеро чун Бозор Собир бо мақсадҳои шахсиаш истифода намудаву пеши мардуми худаш чунин беобрӯяш гардонад. Ҳатто як квартираи духонагиро, ки расман гӯё додяаш, ба номаш қайд накардӣ. Ҳол он ки ҳар як набераи нав аз гаҳвора роҳгардон шудаи ту соҳиби амволи ҳангуфтест.  

Барои ҳукумати ҳар кишвари соҳибистиқлоле аҳли адабу олимонаш муҳиманд ва онҳоро қадршиносӣ кардаву аз ҳама ҷиҳат таъминашон мекунанд. Фаққат барои ҳукумати Тоҷикистон не! Нафароне чун Сиёвуши Ҷунайдӣ, Исфандиёри Назар ва Барзу Абдураззоқов зиёиёни воқеиянд, ки нуқтаи назарашон, диди ҷамъиятиашон барои рушди минбаъдаи Тоҷикистон ниҳоят арзишманд аст! Агар имрӯз барои туву вазирони фарҳангу илмат, ки ҳатто ҳуқуқи фикрашонро баён карданро ҳам надоранд, Сиявуш Ҷунайдӣ барин шоирони миллат лозим набошанд, пас онҳо барои миллатии тоҷик як ганҷинаи бебаҳоянд. Ганҷине, ки бо айби ту имрӯз аз ватани бобоии худ дур афтодааст ва заҳри ғарибиро мечашанд. Ва барои пошхӯрдани анқариб ду миллион аҳолии кишвар, 22% аз шумораи умумии аҳолӣ (!!!) ба хориҷ ва азоби беватанӣ кашиданашон маҳз ту чун як сарвари ноӯҳдабаро ва диктатор гунаҳкорӣ!       

Мепурсӣ, ки чаро мактубҳоямро дар конверти баста ва ба сӯроғаи идораат равон намекунам? Ин чанд сабаб дорад. 

1) Барои он ба почтаат равон намекунам, ки медонам дар роҳ сагони дупои зотии бӯйгират ҳама номаҳои мардумро филтр мекунанду ба ғайр аз тамаллуқномаҳои пур аз шукронаву миннатдорӣ аз сиёсати “бохирадона”-ат (гӯё ту Ленин бошӣ!) дигар чизе ба дастони пири ларзонат намерасад; 

2) Агар рафту ба дастат расад ҳам, он қадар кундзеҳнӣ, ки бо ҳама соданависиам ба маънои гуфтаҳоям боз ҳам сарфаҳм намеравӣ;

3) Барои он чопаш мекунам, ки ҳама хонанду донанд, ки ту кистӣ. Всё равно ҳаматарафа мекӯшӣ то симои аслиатро аз мардум пинҳон дорӣ. Мехоҳам назди мардуми Тоҷикистон, ки аз ҳисоби налогҳои ба “давлат” месупоридаашон ту хеле бой шудаиву онҳо дар давоми 28 соли роҳбариат ҳоло ҳам камбағаланду муҳоҷир, портрети ҳақиқиатро тасвир кунам. Бале, ҳамон симои касифу гушначашматро, ҳамон симои бераҳму мардумкушатро. Чунки ин мардум ҳамагӣ як сурати орову торо додаатро бо прическаи чарму рангкардаат, шиму костюми наву оҳарӣ ва матнҳои тайёри ба зӯр мехондаат дар телевизорҳоят мебинанду халос. 

То сӯҳбати навбатӣ. “Саломат бошӣ”, не, ҳамеша бемор бошӣ. Ба монанди қариб 2 миллион мардуми ғариби тоҷик, ки ба қавле ҳамаашон ҳучбеморанд ва дилашон ҳамеша бо ёди ватан дард мекунад. 

Бо камоли эҳтиром

Исломиддин Садиров, нафақахӯр, ветерани меҳнат   

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *