Categories Хабарҳо

Амрико ба амалиёти таҳоҷумӣ дар Афғонистон хотима медиҳад

Сипоҳи дар Афғонистон мустақари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тибқи мувофиқаташ бо ҳаракати «Толибон» оид ба низоми оташбас, ҳама гуна амалиёти ҳуҷумро дар ин мамлакат хотима мебахшад.

Тавре хабаргузории Bloomberg хабар медиҳад, дар ин хусус фармондеҳи сипоҳи амрикоӣ дар Афғонистон Остин Скотт Миллер гуфтааст,  «Мо амалиёти ҳуҷум дар қаламрави ин кишварро тибқи уҳдадориҳои ба зиммагирифта боздоштем».

Ёдрас мешавем, ки аз 22 феврал дар Афғонистон низоми коҳишдиҳии зӯроварӣ роҳандозӣ шуд, ки дар мувофиқа бо ҳаракати «Толибон» ҳафт рӯз идома меёбад.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *