Тасмими FATF ба қарор додани Эрон дар листи сиёҳ ва шуйӯъи короно дар ин кишвар, ба эрониҳо ду шоки бузург ворид кард: Таҳримҳои ҷадиди байналмилалӣ ва ошуфтагӣ дар бозори дохилӣ ва низ таътили машғули умда аз сафоратхона гирифта то лағви турҳои дохилӣ.
Бозгашти дубораи Эрон ба феҳристи сиёҳи гурӯҳи вежаи иқдоми молии FATF, аввалин таъсироти худро бар бозорҳои молии ҳафтаи гузашта гузошт ва сикка ва арзҳои монанди доллар, фунд ва евро ба болотарин ҷаҳиши қимати худ дар моҳҳои ахир расиданд.
Расонаҳои дохилӣ дирӯз душанбе, 24 феврал аз рекордшикании нархи арзҳо, сикка ва тилло хабар дода ва гузориш карданд, ки қимати доллар дар бозори Теҳрон 15 ҳазор тумонро рад карда ва ҳатто саррофи миллӣ, мутааллиқ ба банки марказии Эрон ҳам қодир ба миҳори қимати арзҳо набуда ва қимати ҳар долларро 14 ҳазору 600 тумон эълом кардааст. Сикка тамоми баҳори озодӣ ҳам рекорди 16 моҳаи ахири худро шикаст ва имрӯз аз марзи шаш миллион тумон убур кард.
Масъулони умури иқтисодии кишвар, қабл ва баъд аз бозгашти дубораи Эрон ба феҳристи сиёҳ FATF, бо итминон гуфтанд, ки ин мавзӯъ бар вазъияти молии Эрон таъсире надорад.
Абдунносир Ҳимматё, раиси банки марказӣ, ҳафтаи гузашта ва қабл аз авҷ гирифтани ин қиматҳо, иллати рушди баҳои долларро “суъистифодаи даллолон аз FATF” эълом карда ва муддаӣ шуда буд, ки “FATF ҳеҷ иртиботе бо қимати арз надорад ва бонки марказӣ ба зудӣ қимати долларро ба зери 14 ҳазор тумон бармегардонад”.
Ҳимматё баъд аз иттихози тасмими FATF дар инстогароми худ муддаӣ шуд, ки “чунин вақоеъ мушкиле барои тиҷорати хориҷии Эрон ва суботи нархи арз эҷод нахоҳад кард”. То лаҳзаи танзими ин гузориш, корбарон дар фазои маҷозӣ қимати доллар дар бозори ғайрирасмиро наздик ба 16 ҳазору 300 тумон эълом кардаанд.
Гурӯҳи вижаи иқдоми молии FATF рӯзи ҷумъа 21 феврал, Эронро дар листи сиёҳи худ қарор дод. Ин тасмим дар пайи он гирифта шуд, ки Ҷумҳурии исломии Эрон баъд аз 18 моҳи мӯҳлат ва ба иллати мухолифати Шӯрои нигаҳбон ва худдории Маҷмаъи ташхиси маслиҳат, аз тасвиби ду лоиҳа – мубориза бо пулшуӣи ва конвенсиуни мубориза бо ҷароими созмонёфтаи байналмилалӣ худдорӣ кард.
FATF Созмони ғайридавлатӣ аст , ки дар ҳавзаи “мубориза бо таъмини молии терроризм ва мубориза бо пулшуйи” фаъолият мекунад ва кори аслии он “назорат бар фарояндаҳои табодулоти молӣ ва бонкӣ”-и кишварҳост.
Талотум дар бозори саҳҳом
Бозори саҳҳом ҳам ба тасмими FATF вокуниш нишон дод ва саҳҳоми теъдоде аз ширкатҳои тавлидӣ ва корхонаҳои умда дар ду рӯзи гузашта бо уфте мувоҷиҳ шуданд. Бозори саҳҳоми кишвар ҳатто қабл аз он ҳам раванди нузулӣ пайдо карда буд ва аз 24 феврал худравсозон ва гурӯҳҳои бонкӣ, саҳҳоми бештаре дар бурс арза карданд то нақдинаҳои бештареро ҷазб кунанд. Ҳамин омил боис шуд шохиси кулли бозори саҳҳом уфт кунад.
Ба гузориши рӯзномаи “Офтоби язд”, худравсозони кишвар дар ҳоле пешфурӯшии худрав ва ҷазби нақдинагӣ аз мардумро оғоз кардаанд, ки “ҳанӯз муаввақоти собиқи онҳо побарҷост” ва “имкони таҳияи қитъа” аз хориҷ барои сохт ва мунтож дар дохил вуҷуд надорад. Ин муаввақот ба навиштаи “Офтоби язд”, боиси нигаронии мардум дар таҳвили худравҳои сабти номӣ шудааст.
Уфти саҳҳоми петрушимӣ ва полоишгоҳҳо ҳам яке дигар аз натоиҷи напайвастани Эрон ба FATF аст. Хабаргузории ИСНО, муҳиммтарин нигаронии фаъолони бозори бурсро хурӯҷи сармоя аз бозор ва ҳидоят шудани он ба сӯи бозори арз донист.
Таҳотур ба ҷойи равобити бонкӣ
Таҳримҳои бонкии Эрон аз як тараф ва бозгашти дубора ба феҳристи сиёҳи FATF аз тарафи дигар, мушкилоти ин кишварро барои табодулоти бонкӣ ва нақл ва интиқоли пулӣ, бештар аз гузашта мекунад, ба тавре, ки бархе коршиносон мегӯянд, ки ҳатто нақл в интиқоли бонкии Эрон бо Чин ва Русия ҳам қуфл мешавад.
Фаридун Маҷлисӣ, таҳлилгари масоили байналмилалӣ, дар ин бора дар рӯзномаи “Офтоби язд” навишт, ки вуруди Эрон ба феҳристи сиёҳи FATF, ин кишварро вориди таҳримҳои байналмилалӣ мекунад ва тарокунишҳои молӣ бо Русия ва Чин ҳам зери назорати байналмилалӣ қарор мегиранд.
Фаридун Маҷлисӣ “сиёсати таҳотур” миёни Эрон бо Русия ва Чинро яке аз роҳҳои тадовуми табодулоти молӣ ва бонкӣ миёни ин се кишвар донист ва навишт, ки дар ин шева, ки албатта “муқобили модерн” аст, вале тарафдороне дар дохил дорад, онҳо нафт ё колое аз Эрон ворид мекунанд ва баҳои онро ба унвони эътибори Эрон, назди худ нигаҳ медоранд ва бо содироти колоҳояшон ба Эрон ҳисобу китоб мекунанд.
Коруно: Аз таътили қаҳвахонаҳо то лағви турҳои дохилӣ
Ҳамзамонии вуруди Эрон ба феҳристи сиёҳи FATF ва шуйӯъи вируси коруно дар Эрон, ин рӯзҳо чолиши бузургеро барои машоғили мухталиф ва мутанаввеъ дар Эрон эҷод кардааст то ҷое, ки расонаҳо ва фаъолони иқтисодӣ мегӯяанд, коруно ҳоло гулӯи кор ва машоғилро мефишорад.
Рӯзномаи “Шаҳрванди имрӯз” душанбе 24 феврал, бо тарҳи ин савол, ки бемории корунои ҷадид бо иқтисоди Эрон чӣ мекунад, оморҳоеро мунташир карда, ки аз вахомати авзоъ дар машоғил ва “тангии нафаси иқтисодии Эрон” ҳикоят дорад.
Ба навиштаи ин рӯзнома, мавҷи аввали осебҳои иқтисодии ношӣ аз бемории коруно насиби рестарондорон, кафеҳо, сафаратхонаҳо ва қилёнсароҳо, ироакунандагони хадамоти сафарҳои даруншаҳрӣ ва буруншаҳрӣ ва ҳамчунин турҳои мусофирати дохилӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва турҳои мусофирати хориҷ аз кишвар ва марокизи фарҳангӣ ва тафреҳи монанди синамоҳо ва театрҳо мешавад.
Оморҳои расмии сабтшуда дар Эрон нишон медиҳад маҷмӯаи ин машоғил, маблағи ҳудуд 24 триллион тумон дар иқтисод нақш доранд, ки бо миҳор нашудани вируси коруно, дучори касоди бозор мешаванд.
Вируси коруно бо шуйӯъ дар Эрон, ҳам аз эрониҳо талафот гирифт ва ҳам аз машоғиле, ки бо мардум сару кор доранд; Машоғили монанди қаҳвахонадорӣ. Бар асоси оморҳо дар шаҳри Теҳрон ҳудуди беш аз се ҳазор қаҳвахона бо 35 ҳазор хадамаи машғул ба кор ҳастанд, ки ба навиштаи “Шаҳрванд”, бо омадани вируси коруно, акнун шоғилони ин синф, нигарони таъмини маоши худ ҳастанд.
Зарарҳои таътили марокизи фарҳангӣ ва ҳунарӣ
Таътили як ҳафтаии синамоҳо, салонҳои театр ва дигар марокизи ҳунарӣ ҳам нишон аз вахомати авзоъ дорад. Агарчи масъулони вазорати иршод гуфтаанд, ки коруно тарс надорад ва фақат ниёзманди пешгирӣ аст, вале воқеият ин аст, ки ин таътили иҷборӣ, беҳазина ҳам нест. Дар кулли кишвар 596 синамои фаъол ва як ҳазору 292 театр вуҷуд дорад, кӣ, ба навиштаи “Шаҳрванд”, наздики 28.5 миллион нафар дар сол аз онҳо истифода мекунанд.
Бар асоси омори хабаргузории Форс, дар шаш моҳи гузаштаи сол 98, чархаи молии театр беш аз 40 миллиард тумон будааст ва даромади гурӯҳҳои театрӣ ба остона 20 миллиард тумон наздик шудааст. Мутъасифона омори даромади солунҳои синамо дар Эрон мушаххас нест.
Коҳиши ҳамл ва нақли умумӣ
Ба навиштаи рӯзномаи “Шаҳрванд”, яке аз зарарҳои бемории коруно мутаваҷҷеҳи шабакаи ҳамлунақли даруншаҳрӣ ва беруншаҳрӣ аст; Ба тавре, ки аз 20 миллион сафари рӯзона дар Теҳрон, 12 миллион сафар аз тариқи “шабакаи ҳамлу нақли умумӣ” анҷом мешавад. Сокинони шаҳракҳои ақморӣ дар ҳавмаи Теҳрон низ рӯзона 6.5 миллион сафар ва ҷо ба ҷои аз тариқи шабакаи ҳамлунақли умумӣ донистанд. Хазинаи хариди рӯзона билети автобус ва метро дар шаҳри Теҳрон аз ҳудуди ҳадди ақал се ҳазор тумон то ҳадди ақал панҷ ҳазору 500 тумон мутаносиб бо масирҳо, мутағайир аст. Оморҳои тараддуд дар сурати коҳиш ба ҳадди ақал як севум, аз зарари иқтисодӣ ҳикоят дорад.
Бахшҳои дигари зарардида шомили гардишгарии дохилӣ ва ҷазби гардишгарони хориҷӣ ва машоғил вобаста ба ин санъати даромадзост. Дар шашмоҳаи аввали имсол (98), ҳудуди чаҳор миллиону 260 ҳазор нафар аз Эрон ба хориҷ аз кишвар сафар кардаанд ва ҳамчунин дар семоҳаи аввали соли 98, беш аз се миллион гардишгар вориди кишвар шудаанд. Дар ҳамин ҳол, бисёре аз фаъолони турҳои мусофиратии дохилӣ ва хориҷӣ аз лағв шудани бисёре аз турҳои вурудӣ ба кишвар ва низ тардиди бисёре аз хонаводаҳои эронӣ барои мусофиратҳои дохилӣ дар рӯзҳои Наврӯз 99 иброз нигаронӣ кардаанд.