Расонаҳои Эрон аз рӯнамоии мушаки баллистик “Хайбаршикан” бо бурди 1450 километр дар пойгоҳи ҳавофизоии Сипоҳи Посдорон хабар доданд. Рӯнамоӣ аз ин мушак ҳамзамон бо шурӯъи даври музокироти ҷадиди ҳастаии Эрон сурат гирифтааст.
Бар асоси ин гузориш ин мушак аз насли севуми мушакҳои баллистики Сипоҳ ва “дорои манёврпазирӣ барои убур аз сипари мушаки” аст ва тавонмандии он дар «суръати фавқулоъда дар исобат ба аҳдофи дурбурд ва имкони парвозии 1450 километрӣ”-и он аст.
Рӯнамоӣ аз мушаки баллистики Эрон дар остонаи солгарди вуқӯъи инқилоби исломӣ ва ҷашнҳои 22 баҳман дар яке аз пойгоҳҳои мушакии замин ба замини нерӯи ҳавофзоии Сипоҳ ва ба унвони “ҷадидтарин дастоварди роҳбурдӣ” сурат гирифтааст.
Хабаргузории “Форс” навиштааст вазни ин мушак нисбат ба намунаҳои мушобеҳ як савум коҳиш ёфта ва муддати омодасозӣ ва шиллики он низ то як шашум камтар шудааст.
Интихоби номи “Хайбар” барои мушаки ҷадиди рӯнамоишудаи Сипоҳ ишораи таърихӣ ба ҷанге аст, ки миёни мусулмонон ва яҳудиён дар қарни ҳафтум сурат гирифт ва шащри яҳудӣ ба номи “Хайбар” тавассути мусулмонон тасхир шуд.
Рӯнамоӣ аз мушаки роҳбурдии Сипоҳ дар ҳоле сурат гирифта, ки музокироти ғайри мустақим миёни Теҳрон ва Вашингтон барои наҷоти тавофуқи ҳастаии 2015 аз рӯзи сешанбе ҳаштум феврал аз сар гирифта шудааст.
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико ҳушдор додааст, ки агар тарафҳои даргир дар музокироти Вена дар ҳафтаҳои оянда ба тавофуқ нарасанд, пешрафтҳои ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ “бозгашти мо ба Барҷомро ғайримумкин мекунад”.
Барномаҳои мушакии Эрон ҳамвора мавриди интиқоди кишварҳои ғарбӣ, Исроил ва бархе аз кишварҳои арабии ҳамсоя қарор доштааст.
Ҷумҳурии Исломӣ барномаи мушакии худро барои дифоъ аз худ ва ҷилавгирӣ аз таҳдидҳо ва боздорандагӣ алайҳи Амрико ва Исроил медонад ва хостаҳои Ғарб барои таваққуфи ин барномаҳоро рад кардааст.
Муҳаммад Боқирӣ, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳ низ дар ҷараёни рӯнамоӣ аз мушаки роҳбурдӣ дар пойгоҳи ҳавоии Сипоҳ бар ин нукта таъкид кард, ки “душманони ислом чизе ҷуз забони қудрат ва зӯрро мутаваҷҷеҳ намешаванд”.
Арабистони саудӣ борҳо нигаронии худро аз барномаҳои мушакии Эрон иброз кардааст. Исроил низ барномаи мушакии Эронро таҳдиде барои худ ва минтақа қаламдод мекунад ва хостори матраҳ шудани мавзӯъ густариши барномаҳои мушакии Эрон дар музокироти ҳастаии Вена аст.