Рубрики Хабарҳо

Додситонӣ «алайҳи Ислом Анварзода парванда боз кардааст»

Додситонии шаҳри Душанбе ба зидди Ислом Анварзода, муовини пешини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ, ки дар натиҷаи садамаи мошинаш сарояндаи шинохта Баҳром Ғафурӣ фавтид, парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Ҳодиса субҳи 7-уми август рух дод.

Қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфта буд, ки Ислом Анварзода ва ҳамроҳонаш «дар ҳолати мастӣ» савори «Ландкрузер-200» ба «Камаз» бархӯрданд.

Дар мақомоти тафтишотӣ рӯзи 27-уми август гуфтанд, ҳодиса бар асоси қисми чаҳори моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ таҳқиқ мешавад.

Ин банди Кодекси ҷиноӣ ҷазо ба ронандеро пешбинӣ мекунад, ки «дар ҳолати мастӣ ҳаракати роҳро вайрон мекунад ва боис ба марги инсон ва ё зарари вазнин ба саломатӣ мешавад».

Анвар Исломзода, ки пас аз садама дар ҳолати кома қарор дошт, ҳоло ба ҳуш омадааст.

Дар ҳамин ҳол бо дарназардошти хешутабории Анварзода ба хонаводаи раисҷумҳур, ҳамчунин фаъолияти ӯ дар худи додситонӣ, коршиносон ба ин парвандакушоӣ бо шубҳа менигаранд. Қаблан афроде бо мавқеъи иҷтимоии поёнтар аз ӯ баъди чунин ҳаводис беҷазо мондаанд.

Як пизишк аз бемористони Қарияи Боло бе зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, пас аз ҷарроҳӣ Анвар Исломзодаро ба шифохонаи хусусии “Мадади Акбар” интиқол доданд. Ӯ гуфтааст, устухони дасти чапи Анварзода, ки пора-пора шуда буд, гирифтанд ва пойи росташ низ аз чанд ҷой ҷарроҳӣ шуд.

Ин садама, ки дар он Баҳром Ғафурӣ, сарояндаи эстрадаи тоҷик ҳалок шуд, сару садо ба по кард. Ҳаводорони ин сароянда дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот талаб карданд, ки гунаҳкорони ин садама ҷазо дода шавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *