Шикояти муҳоҷирони тоҷик дар Маскав аз бо таври иҷборӣ маълумотномафурӯшии сафорати Тоҷикистон дар Русия расонаӣ шуд. Дар сафорат гуфтаанд маълумотнома дар бораи надоштани сирояти коронавирус барои ба ҳавопаймо роҳ ёфтани онҳо зарур аст. Аммо, гуфтаанд, ки касеро маҷбур накардаанд, балки гирифтани маълумотномаро аз сафорат танҳо тавсия додаанд.
Хабаргузории АзияПлюс навишт, як хонандааш аз Маскав навори видео фиристод, ки дар он навбатпойии муҳоҷирон назди озмоишгоҳ дида мешавад. Дар он муҳоҷиронро ба супурдани ташхиси коронавирус ва минбаъд гирифтани маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус дар онҳо ва ба ҳавопаймо роҳ ёфтанашон маҷбур мекунанд.
Дар навор гуфта шудааст, ки “барои ташхиси коронавирус як миқдор малҳами оби даҳон мегиранд ва баъди ним соат ё аз ҳама дертараш якуним соат дар бораи мавҷуд набудани Covid-19 маълумотнома медиҳанд ва барои ин 2,5 ҳазор маблағ мегиранд. Дар сафорат ҳамаро маҷбур месозанд, ки маҳз аз ҳамин озмоишгоҳ маълумотнома гиранд”.
Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав ба хабаргузорӣ гуфтаанд, ки “Шаҳрвандон пас аз супурдани ташхис чунин маълумотнома мегиранд. Дар сурати мусбат баромадани натиҷаи тести онҳо, аз озмоишгоҳ огоҳ мекунанд, ки ин шахс аз коронавирус сироят ёфтааст ва сафорат парвози ӯро манъ мекунад. Дар озмоишгоҳ ҳатман аз ҳама тести коронавирус мегиранд. Мо шаҳрвандонро ба рафтан барои супурдани ташхис ба ин озмоишгоҳ маҷбур намекунем. Онҳо метавонанд дар ҳама гуна дигар озмоишгоҳ ташхис супурда, маълумотнома гиранд”.
Аммо, дар сафорат гуфтаанд, ки хавфи қалбакӣ баромадани чунин маълумотномаҳо аз эҳтимол дур нест.
Ёдрас мекунем, ки пас аз қабули қарор дар бораи роҳандозии парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон, ба шаҳрвандон танҳо бо доштани маълумотнома дар бораи мавҷуд набудани сирояти коронавирус ба парвоз иҷоза дода мешавад. Бо расидан ба Тоҷикистон шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз гузаштани ҳатмии тест ва ба карантин фиристодан озод мешаванд.