Рубрики Хабарҳо

Дар ним сол беш аз 7200 хонавода аз ҳам пошидааст

Дар Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон 7 ҳазору 265 оила аз ҳам ҷудо шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12 дарсад зиёд мебошад. Дар соли 2021-ум 6 ҳазору 476 оила пош хурдааст.

Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон имрӯз, 15 июл дар як нишасти хабарӣ сабаби ҷудо шудани оилаҳоро омода набудани ҷуфти ҷавон ба ҳаёти оилавӣ маънидод кард.

«Аввалин сабаби ҷудо шудани оилаҳо дар он аст, ки ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ омода нестанд. Ба он чизе, ки дар издивоҷ онҳоро дар пеш интизор аст, омода нестанд», — шикоят кард вазири адлия.

Ашӯриён таъкид кард, ки беш аз 8 ҳазор кӯдак пас аз талоқ ятим ва ё нимаятим монданд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи вазир, сабти ақди никоҳ аз аввали соли ҷорӣ 7% коҳиш ёфтааст.

«Теъдоди ақди никоҳ имсол 30 ҳазору 266 нафарро ташкил дод. Дар ҳоле, ки дар ҳамин давраи соли 2021-ум 32 ҳазору 489 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст», — гуфт Ашӯриён.

Дар давоми шаш моҳ дар кишвар ҳамагӣ 39 никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст – соли гузашта ин рақам 116 нафар буд.

Вай ҳамчунин гуфт, ки сабти таваллуди кӯдакон дар кишвар 6% афзоиш ёфтааст — дар 6 моҳи соли 2021-ум 104 ҳазору 737, дар соли ҷорӣ 111 ҳазору 537 далел ба қайд гирифта шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *